Истиқболи Эмомалӣ Раҳмон аз президент шудани Эрдуғон
Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номаи шодбошӣ ба унвони Раҷаб Таййиб Эрдуғон пирӯзияш дар интихоботи президентии Туркияро табрик гуфтааст.
Дар номаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои нави туркаш, аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби Олӣ, хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Туркия самимона табрику таҳният намоям.” Эмомалӣ Раҳмон дар идома сатҳи равобити Тоҷикистону Туркияро баланд арзёбӣ карда, омодагии Душанбе барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Анқараро дар ҳамаи арсаҳо эълон доштааст.
Ӯ дар охир ба ҳамтои туркаш беҳтарин орзую таманниёт карда, гуфтааст, “ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Туркия пешрафт ва шукуфоӣ, ва ба мардуми он саодату комгорӣ хоҳонам.”
Раҷаб Таййиб Эрдуғони 60-сола аз моҳи марти соли 2003 ба ин сӯ симати нахуствазирии кишварашро бар дӯш дошта, ҳамчун 36-умин нахуствазири Туркия дар ин мақом кор мекард. Ӯ дар нахустин интихоботи ҳамагонии президентии Туркия, ки 10 августи соли ҷорӣ баргузор шуд, тавонист, аксари овозҳоро ба даст орад. Дар ин интихобот Амалуддин Эҳсон Уғлу – намояндаи мухолифин ва Салоҳуддин Дeмиртош – намояндаи курдҳо рақибони Эрдуғон ва муддаии курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар низ буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |