Ба ҷои Рустами Ҷонӣ дар “Ориёно Медиа” Худоёри Валӣ омад
Худоёри Валӣ, сармуҳаррири пешини радиои “Садои Душанбе”, ки чанде пештар ба нишони эътироз аз вазифаи худ даст кашида буд, раҳбари ширкати “Ориёно-Медиа” таъин гардидааст. Ин ширкат, ки шомили "Ориёно" ва "Радиои Имрӯз" мебошад, ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут дониста мешавад.
Худоёри Валӣ дар ин симат ва ё ба гуфтаи худаш “масъулият” Рустами Ҷониро иваз кардааст. Ҳарчанд оқои Ҷонӣ то ҳол далели барканорияшро шарҳ надодааст, аммо раҳбари нави “Ориёно Медиа” дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, “нияти ягон тағйироти ғайричашмдоштро надорад ва фақат мехоҳад, иттилоъ бидуни шикасту рехт ба мардум бирасад”.
"Ин роҳбарӣ нест, ҳамагӣ як масъулият аст. Ҳамавақт ҳадаф як чиз аст: беҳбуд бахшидан ба фаъолият ва нафъ расондан ба ҷамъият. Аз ин ҳам дигар зиёд чизе карданӣ нестем",-афзуд ӯ.
Рустами Ҷонӣ тайи тақрибан даҳ соли охир, шуруъ аз "Русское Радио-Ориёно" то "Радиои Имрӯз"-у таъсиси нашрияи "ИмрӯзNews" ба ҳайси мудири "Ориёно Медиа" фаъолият дошт. Ӯ то замони омаданаш ба медиа-ҳолдинги Ҳасан Асадуллозода дар Радиои Ватан ва аз он пештар дар Телевизиону Радиои Тоҷикистон кор мекард. Рустами Ҷонӣ муассиси "ИмрӯзNews" нахустин нашрияест, ки ҳар рӯзи корӣ, аз душанбе то ҷумъа, нашр мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |