Ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯянд, ба Э.Раҳмон "гап" доранд
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон дар пайи ҳодисаҳои охир хостори мулоқоти рӯбарӯ бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон шудаанд. Онҳо дар иҷлосияи ғайринавбатии вакилони халқии шаҳри Хоруғ, ки ба хотири баррасии вазъи ин минтақаи кишвар баргузор гардиду дар он роҳбарони шаҳру вилоят ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳузур доштанд, ин дархостро кардаанд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон дар иҷлосия аз раҳбарияти ин вилоят ва намояндагони мардумии тоҷик хостаанд, вохӯрии онҳо бо раисиҷумҳури кишварро барпо кунанд.
Сокинони вилояти Бадахшон гуфтаанд, ҳадаф аз мулоқоти рӯбарӯи онҳо бо раиси ҷумҳури кишвар баррасии масоили марбут ба ҳаводиси охири Хоруғ буда, мехоҳанд, бо Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ҷилавгирии такрор шудани ин гуна зуҳуроти нооромкунандаи ҷомеа, таҳким бахшидани муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои мардум бо мақомоти давлатӣ дар роҳи суботи кишвар ва рушди ватани азизро ба баҳс кашанд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрванди ин минтақаи кишвар дар иҷлосияи мазкур инчунин таъкид кардаанд, ки баланд бардоштани мақоми шӯроҳои ҷамъӣ барои ҳалли ин гуна масоил ва нофаҳмиҳо ва пешгириии ҳар гуна зуҳуроти барои ҷамъият нораво ва ҳамгироии дастҷамъӣ дар рушду нумӯи кишвар бисёр муҳим буда, ибрози умедворӣ кардаанд, мақомоти давлатӣ бо дарки ин ҷониби ҷиддии фаъолият муносиботашонро бо мардум хеле наздик ва самарабахш ба роҳ хоҳанд монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |