Даргирии маргбори амниятиҳо бо қочоқчӣ дар Рушон
Як қочоқбари мусаллаҳи афғон ҳангоми убури марз дар вилояти Бадахшон аз ҷониби маъмурони амниятӣ ва марзбонҳои тоҷик нобуд карда шудааст.
Ба иттилои мақомот, марзшикан тариқи камера (баллон)-и мошин дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ба соҳил фаромадааст. Манбаъ мегӯяд, “бо вуҷуди торикии шаб ҳар як ҳаракати марзшикан таҳти назорат буд. Аммо марзшикан ба огоҳии марзбонон аҳамият надода, ба сӯяшон аз автомати Калашников тир кушод ва кӯшиши фирор аз ҷои ҳодисаро кард. Дар натиҷа марзбонон ҷавобан оташ кушода, қочоқчиро ба ҳалокат расонданд.”
Мақомоти тоҷик таъкид мекунанд, зимни ин даргирӣ аз марзбонон касе осеб надидааст: “Аз ҷои ҳодиса дар баробари як автомати Калашников бо 18 дона тир, 5 адад бастаи селофанӣ бо 5 кило афюн ҳам дарёфт шуд. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |