Интиқоди Кабирӣ аз сукути мақомоти тоҷик дар масъалаи Фаластин
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз сукути мақомоти кишвар дар баробари қазияи Фаластин интиқод кард. Ӯ гуфт, дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҳангоми дарёфти кумак аз кишварҳои арабӣ шиори “муъмин - бародари муъмин”-ро пеш меорад, дар қазияи Фаластин гӯиё ин шиорро фаромӯш кардааст.
“Ба қазияи Фаластин бояд аз ду нигоҳ назар кунем: инсонӣ ва исломӣ. Мутаассифона, дар Тоҷикистони мо на аз нигоҳи инсонӣ ва на аз нигоҳи исломӣ масъалаи Фаластин матраҳ нест. Баъзеҳо фикр мекунанд, ин як баҳси яҳудӣ-арабӣ аст. Баъзеҳои дигар мегӯянд, ин як баҳси сохта аст дар Ховари Миёна барои тақсими манфиатҳо ва қудрат. Вале аз нигоҳи мо ин баҳси воқеан таърихӣ, вале мазҳабӣ аст”,-таъкид дошт оқои Кабирӣ.
Ӯ афзуд, “як идда аз ҳамватанони мо, чи дар ҳукумат ва чи берун аз ҳукумат, мегӯянд, мо набояд ба ин масъала ворид шавем. Вале, ман фикр мекунам, иштибоҳ мекунанд, чунки ҳадди ақал бояд аз нигоҳи инсонӣ муносибат кард, чун дар Фаластин тифлҳо кушта мешаванд, хонаҳо вайрон мешаванд, занҳо кушта мешаванд. Барои мо магар хуни фаластинӣ, ё хуни Араб ё хуни яҳудӣ фарқ дорад? Албатта, фарқ надорад. Онҳое, ки нигоҳи исломӣ надоранд ҳадди ақал ҳамчун инсон муносибат кунанд ва масъалаи Фаластинро матраҳ кунанд”.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ амалкардҳои Исроил дар баробари Фаластинро ҷиноят ва таҷовуз номид. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, “модоме ки Исроил резолютсияи Созмони Милалро риоя намекунад ва кишварҳои узви Шӯрои амният хомӯш ҳастанд, пас, дар онҷо як ноадолатӣ аст, поймолкунии ҳуқуқ аст. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш аст. Мутаассифона, кишвари мо ҳам, ҳукумат ҳам бо мулоҳизаҳои зиёд хомӯширо ихтиёр кардааст ва хеле тааҷҷубовар аст, ки руҳоният, аҳли дин, ки бояд дар чунин ҳолат бо мардуми Фаластин бошанд, хомӯширо ихтиёр кардаанд”.
Дар масъалаи он ки чаро худи кишварҳои арабӣ дар қазияи Фаластин хомӯшанд ва ё ҳеч коре намекунанд, оқои Кабирӣ гуфт, “мушкили давлатҳои арабӣ мустақил набудан, тарс аз абарқудратҳост. Мушкили давлатҳои арабӣ дар он аст, ки ягон давлати демократӣ надоранд ва шахсиятҳое, ки дар онҷо тӯлонӣ ҳокимият мекунанд, вобастаи икшварҳои ғарбӣ ҳастанд ва бо пуштибонии онҳо сари қудрат омадаанд ва ҳифз мешаванд. Агар онҳо аз мардуми худашон вобаста мебуданд, тариқи интихоботи озод сари қудрат меомаданд, ҳадди ақал мисли ҳукумати Эрон ё Туркия мавқеъгирӣ мекарданд. Чунки ҳукуматҳои ин кишвар ҷудо аз ақидаҳои шахсиашон медонанд, ки агар бо Фаластин набошанд, мардум ба онҳо раъй нахоҳад дод. Вале чун дар онҳо интихобот нест, раъйи мардумро ба инобат намегиранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |