Баҳси СASA-1000 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Хоҷа Осиф Муҳаммад
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Хоҷа Осиф Муҳаммад -- вазири федералии об ва энержии Покистон масъалаи интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Исломободро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин мулоқот 21 июл дар Душанбе сурат гирифта, таваҷҷуҳи асосии ҷонибҳо ба татбиқи тарҳи CASA-1000 равона шуда буд.
Ин тарҳи минтақаӣ интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад ва ба қавли мақомот ояндаи наздик бояд кашидани ин хат оғоз ёфта, то соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистону Покистон дар масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ кумисюни муштарак таъсис дода, талош доранд, то рӯзҳои сафари Навоз Шариф – сарвазири Покистон ба Тоҷикистон санадҳои муҳим омода созанд ва барои имзо пешниҳод намоянд. Сафари Навоз Шариф ба Душанбе моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт.
Дар мулоқоти рӯзи душанбеи Эмомалӣ Раҳмон бо Хоҷа Осиф Муҳаммад, инчунин, доир ба дигар мавзӯъҳо, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва бартарафсозии монеаҳои минтақавии тиҷоратӣ, гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |