Бахшҳо
18 июл 2014 11:54Тоҷикистон / Сиёсат

Андӯҳи Раҳмон аз суқути "Боинг" ва ҳамдардӣ ба Абдурраззоқ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як нома ба унвони Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдурраззоқ -- сарвазири Малайзия дар робита ба садамаи ҳавопаймои “Боинг-777”-и ин кишвар, ки наздик ба 300 қурбонӣ дорад, ҳамдардӣ баён намудааст.

Дар номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба сарвазири Малайзия ва шоҳи Нидеоланд омадааст, “мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар қаламрави Украина, ки муҷиби шаҳодати теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намуд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз оқои Абдурразоқ хостааст, тасаллият ва ҳамдардияшро ба мардуми кишвараш, аз ҷумла наздикони қурбониён расонад: “Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам, эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд.”

Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия шоми 17 ба 18 июли соли ҷорӣ ҳангоми парвоз аз Амстердам ба Куала-Лумпур дар қаламрави Украина ба замин сарозер шуд. Дар пайи ин садама, 280 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расидаанд. Бино ба навиштаи расонаҳои украинӣ, тахминан соатҳои 16.30 ба вақти маҳаллӣ тамос бо Боинг-777, ки дар баландии 10 ҳазор метр қарор доштааст, қатъ гардид.
Мӯҳр
Hasan
Inno lillohi va inno ilaihir-rojiun.

Ҳавопайморо ошубгарони ҷинояткори руси вилояти Донеск бо мушаки замин ба ҳаво суқут додаанд. Он ҷинояткорони сепаратист (ҷудоиталаб) барои беобрӯ кардани ҳукумати Украина ба пасттарин ҷиноят омодаанд. Албатта ки онҳо мушакҳоро аз Русия мегиранд, зеро сарҳади тӯлонӣ бо Русия зери дасташон аст. Бидуни дастгирии Путин бандитҳои рус як соат ҳам наметавонистанд муқовимат бикунанд.
Он кишварҳое, ки диаспораи (ҷамъияти) калони рус доранд, ( Қазоқистон) истиқлолияташон ҳар лаҳза зери хатар аст. Хуб аст, ки Тоҷикистон ба ин кишварҳо дохил намешавад. Вале вуҷуд доштани артиши 201 рус барои мо хатари ҷиддитар аст, ки инро вақт нишон медиҳад. Худо (Ҷ) нигаҳ дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)