Сумангул Тағоева: Аз Тоҷикистон 371 000 нафар рафтанду 174 000 баргаштанд
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд тайи нимсолаи аввали соли равон 371 ҳазору 587 муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 ҳазор нафар кам аст.
Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе яке аз омилҳои асосии коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатии тоҷиконро дар он гуфт, ки Русия сафари тахминан 100 ҳазор нафарро ба қаламраваш мамнуъ кардааст: “Ба ин қатор муҳоҷироне ворид шудаанд, ки қонунҳои будубош дар Русияро вайрон кардаанд.”
Сумангул Тағоева афзуд, дар шашмоҳа 366 ҳазору 112 муҳоҷири меҳнатии тоҷик ба Русия, 3580 тан ба Қазоқистон, 1895 тани дигар ба дигар кишварҳои дуру наздик ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд.
Ба қавли Тағоева, тайи ин муддат ба Тоҷикистон аз хориҷ 174 215 нафар баргаштаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 56 ҳазору 25 нафар кам шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |