(ВИДЕО) Марги Ёрмуҳаммади 20-сола дар сарбозӣ. "Фолбинӣ"-и сардору...
Наздикони Ёрмуҳаммад Қаландаров -- сарбози 20-солаи тоҷик, ки охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ, ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ дар Хуҷанд, ба ҳалокат расидааст, ба шарҳи расмии масъулони қисми низомии 9829 бовар надоранд.
Ба қавли онҳо, маъмурияти ин қисми ҳарбӣ, ки мутааллиқ ба Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад, баъд аз пурсуҷӯи муфаттишон гуфтаанд, ки Ёрмуҳаммад гӯиё ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир фавтидааст. Аммо волидони ӯ мегӯянд, баъд аз гирифтани ҷасади фарзандашон мушоҳида кардаанд, ки болои чашмҳои ӯ сиёҳ буда, дар баъзе аз қисмҳои баданаш изи зарбу лат дида мешуд.
Ҷамолиддин Қаландаров, падари Ёрмуҳаммад, мегӯяд, писараш моҳи ноябри соли 2012 аз роҳи маҷбурӣ ё “облава” ба хидмати Артиш ҷалб шуда, то анҷоми муҳлати сарбозияш ҳамагӣ се моҳи дигар боқӣ монда буд. Ба гуфтаи ӯ, писараш то лаҳзаи рафтан ба хидмати ҳарбӣ дар Омӯзишгоҳи шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии Душанбе, таълим мегирифт.
“Шоми 22 июн Сатторов -- сардори рота (гуруҳ) занг зада гуфт, писарамро барои акс гирифтан ҷавоб додаасту аммо аз ӯ дараке нест. Ба тамоми хешу табор, ки дар Хуҷанд зиндагӣ мекунанд, дар тамос шудем. Як ҷиянам гуфт, Ёрмуҳаммад омада аз онҳо 10 сомонӣ гирифта, рафтааст. Баъд аз ин дигар касе ӯро надидааст”,-нақл мекунад Қаландаров. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, баъдан, 23 июн, онҳо ба ҷустуҷӯи Ёрмуҳаммад ба Хуҷанд рафта, аммо тамоми талошашон барои пайдо кардани ӯ бенатиҷа будааст. Вай аз он шикоят дорад, ки дар тамоми рӯзе, ки онҳо машғули ҷустуҷӯи Ёрмуҳаммад будаанд, Сатторов – сардори рота аз фавти писараш огоҳӣ дошта, аммо аз онҳо пинҳон кардааст. “Ӯ фақат мехост, масъулияти марги писарам ба дӯшаш наафтад. Агар дар вақташ моро огоҳ мекарданд, кадом шикояте надоштем. Аз тақдир медонистем ва шубҳае низ пайдо намешуд. Меовардем, то модару хоҳару додаронаш ҷасади ӯро медиданд, тозаву озода ба хок месупоридем”,-мегӯяд Ҷамолиддин Қаландаров.
Падари Ёрмуҳаммад афзуд, “ҳатто вақте хостем, ба додситонӣ шикоят кунем, Сатторов нагузошт. Гуфт, фарзандамон хизматро хуб адо намуда истодааст ва агар ӯ бо ягон духтар рафта бошад, ин бар зарараш тамом мешавад. Аммо ба гапҳои ӯ гӯш накарда, ба назди додситони ҳарбии горнизонии Суғд, полковники адлия Саид Сулаймонзода рафтем. Сулаймонзода моро хуб қабул ва арзамонро гӯш карда, дар наздамон ба тамоми мақомоти қудратии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд занг зад. Додситони ҳарбӣ дар давоми даҳ дақиқа фаҳмид, ки писари мо дар куҷо будааст. Моро ба морг бурданд ва мо Ёрмуҳаммадро онҷо пайдо кардем. Кормандони морг гуфтанд, ки ӯро субҳи 23 июн ба он ҷо оварда будаанд.”
Нурулло Саидов, яке аз хешованди Ёрмуҳаммад, мегӯяд, то ҳол онҳо нимкосаи зери косаи марги Ёрмуҳаммадро нафаҳмидаанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҷустуҷӯи Ёрмуҳаммад сардори рота гуфтааст, як вақт ӯро дар бозори мардикори Хуҷанд дидаасту як вақти дигар барои ёфтанаш ба назди фолбин рафтааст. “Сатторов, сардори рота, гуфт, ки ба назди фолбин рафтааст ва бино ба қавли фолбин Ёрмуҳаммад ҳамроҳи як духтару як бача асту бояд ба мо занг мезад. Чӣ даркор буд, ин ҳама дурӯғ ва фолбиниҳо? Агар Шумо ба ҷои мо мебудед, магар шубҳа намекардед?”
Падари Ёрмуҳаммад ҳам мегӯяд, “Сатторов аз аввал медонистааст, ки писарам фавтидааст ва аз мо пинҳон кардааст”. Ҳоло додситонии ҳарбии горнизони вилояти Суғд аз болои Сатторов, сардори яке азротаҳои қисми низомии 9829 бар асоси моддаҳои 391, қисми 1 ва 392, қисми 1 парванда боз кардааст.
“Баъд аз чанд бори пурсуҷӯи як ҳамхизмати Ёрмуҳаммад аз ҷониби муфаттишон, ки ҳамроҳаш будааст, ӯ қоил шудааст, ки бо писарам ба оббозӣ рафтаанд ва ӯ ғарқ мешавад. Баъд аз 15 дақиқа ба Сатторов омада мерасонад, ки Ёрмуҳаммад ғарқ шуд. Аммо Сатторов ба ҳамхизмати писарам мегӯяд, ба ягон нафари дигар ин гапро нагӯяд”-афзуд Ҷамолиддин Қаландаров.
Наздикони Ёрмуҳаммад гуфтанд, мехоҳанд, асли марги фарзандашонро фаҳманд ва далели ин ҳама срагардонии онҳо барои ёфтани Ёрмуҳаммад чӣ буд? Онҳо қасд доранд, инчунин, аз додгоҳ бихоҳанд, ки барояшон аз Сатторов ҷуброни зарари маънавӣ ситонад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |