Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон коҳиши вуруди сайёҳон ба Бадахшонро дар пайи ҳаводиси ахири Хоруғ рад кард.
Ӯ имрӯз, 10-уми июл, зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, вазъияти Хоруғ то дараҷае фавқулоддаю муҳим набуд, ки садди роҳи сайёҳон гардад: “Аз рӯи оморе, ки мо дар даст дорем, гуфта наметавонем, ки ҳодисаҳои Хоруғ садди роҳи воридшавии сайёҳон шудаанд. Имрӯз вазъият дар ВМКБ ором аст.”
Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 74 ҳазор сайёҳ ба кишвар омадаанд, ки аз ҳисоби онҳо 37 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисодиёти кишвар ворид шудааст. Ба иттилои ин ниҳод дар соли 2014 аз ҷониби давлат барои рушди соҳаи туризм 450 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.Видеои суҳбати Абдуллозода, зимни нишасти хабарии 10-уми июл дар Душанбе
Мӯҳр