Бахшҳо

Нахустин вокуниши Узбакистон баъди гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи Роғун

Расонаҳои Узбакистон аз қавли сиёсатшинос - Тимур Зафаров матлаберо нашр кардаанд, ки дар он аз баҳои мусбати Бонки Ҷаҳонӣ ба тарҳи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст.

Дар ин матлаб, ки дар фазои иттилоотии Узбакистон чарх мезанад, таъкид шудааст, ки сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун гӯиё таҳдид ба муҳити зист дошта, сабаби камбуди оби нӯшокии беш аз 10 миллион сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад. Мавқеи бунёди нерӯгоҳ низ номувофиқ арзёбӣ шудааст, чун эҳтимоли рух додани заминларзаҳои 9-10 баллӣ вуҷуд дорад.

Инчунин аз ширкати амрикоии “Фабиан & Компани” ҳамчун лобии тарҳҳоии энержии Тоҷикистон ном бурда шуда, таъкид гардидааст, ки ин ширкат гӯиё барои ҳузури Вашингтон дар ин кишвар заминагузорӣ мекунад. Ба қавли муаллифи матлаб, гӯиё Амрико барои ҳалли идомаи сохтмони Роғун дар Тоҷикистон ва интиқоли барқи он ба Афғонистон ва Покистон, барои тағйири масирҳои интиқоли неруи барқи Осиёи Марказӣ иқдом кардааст ва аз тариқи Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад ин тарҳ амалӣ шавад.

Бонки Ҷаҳонӣ ахиран натиҷаҳои ташхиси байналмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун”-ро нашр кард, ки дар он бунёди нерӯгоҳ ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ-техникӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ-экологӣ мусбат ва асоснок баҳогузорӣ шудааст. Аз сӯи дигар, вазорати умури хориҷии Русия низ баъд аз нашри гузориши Бонки ҷаҳонӣ бо баргузории нишасти хабарие аз тарҳҳои сохтмони нирӯгоҳҳои барқӣ-обии бузург дар Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла Роғун ва Қамабар-Ота-1 ҳимоят кард.

НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Ӯзбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд.
Мӯҳр
.
номард, бой доди, коил шав, боз чи кашмакаши бехуда дори. Магар чомеаи чахони назари Бонки чахониро як тараф гузошта назари олимони бесаводу бевичдони шуморо гуш мекунад?

Далер
Номаъкул карден узбакхо! Акнун пеши рохи Точикистона гирифтан мушкил аст ва тухмату бухтони дигар мекобен. Рогуна месозем!!!

Чарха
Агар Узбакистон хамин шеваи бадхохи ва бадрашкиашро нисбати хамсоягонаш давом дихад, рузе дар Осиёи Маркази бе хамсоя мебонад.
Наход, то ин дарача Худо одама нисбати одам паст офарида бошад.

Барлос
Политологи узбак тамоман аклашро гум кардааст. Садкаи унвони илми политология шави. Мемури ки мавзуи сейсмикаро бо экология нагз хонию баъд макола нависи. Аблах! 9-10 балл заминчунбиба ва 100 метр баландии мавчи оби- Цунамиба дунё ба охир мерасад. Чи мардуми бечораи узбак фиреб кардесен. Шарм накарда акалан икрор шавед, Рогун, ки бунёд шуд, кочмаган номард.

мо сохта истодаем ва иншааллох месозем. дигар вариант нест. Бо Узбакистон баъд гап мезанем . . . ане

ина акун Чаноби Оли бе ягон шубха гуфта метавонад, ки мо рогуна месозем, а Ислом Абдуганиевичро лозим аст, ки бохташро ба гардан гирифта аз рохбандиву душмани ба рохкушоиву дусти гузарад

лоик
рогун- нангу номуси хар як точикистони бояд бошад!! лекин милли кунонида шуда дар сохтумонаш шаффофият бошад. ба имруза рохбаронаш ки хамаги як авлоданд эътимод нест. дар рохбарии сохтумон махалро нею хунарро афзал донистан шояд. мо рогуеро месозем!!!!!!! лозим шавад мухолифонро хишти сарбанд мекунему месозем!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Benom
Rogun nafakat rogh ast sad kishtavu sad bogh ast Uzbekistan ti kto takoy davay dasvidaniya!

чанобони хамсоягони бесояи узбак фаромуш накунед ки мо дер ё зуд хатман рогунро хоем сохт вале як чизаш нигаронкунда аст ки он вакт шумо ва онхое ки бошумо хамдастанд чи хоханд кард ва дипломатияи бесалохиятьи шумо ба кадом шармандаги ва беномуси ба руи мардуми точик нигох хохан кард

РОГУНРО КУ МЕСОЗЕМ. БА ДАСТИ КАДОМ МЕАФТАД МАЪЛУУУУУУУУМ. Ба фикрам Ислом Каримов ин тарафи масъаларо фикр карда истодааст. У точик ки аст, аз ин беадолатихо дар Точикистон дилаш сахт месузад. .

Rogun
in orzui har yak fardi Tojik ast az hurd to buzurg inshoALLOH mesozem ana pas hudush endu uzbak shrmanda meshi. uzbak hudush az peeeesh bahil budai pulush nasuza gupta sobuna hurdai eeeeeee tovba. KHudovand kuvvau neruro baroi shtan faroham ovarad.

салмон
Агар хамин сиесату рафторе, ки холо дар миени мардуми Точикистон аст давом кунад на Рогун месозеду......

Точварз
Максад бародарон дигар аст.Максад на экология ва беобист.Максади ин узбакхо душманони ашадии точикон дар 500 соли охир ин аз таракки боз монондани Точикистон асту бас!Лекин ин суханро наметавонанд,ки дар сатхи чахони гуянд,барои хамин зери пардаи беобоби ва сиёсати экологи амал мекунанд.Ин мардум хеч намехоханд,ки ташкилшавии Точикистонро дар соли 1924 тахаммул кунанд.Будани кишваре бо номи Точикистон онхоро сахт норохат мекунад.Чанги точиккуши соли 1992 -ро низ дар якчояки бо ЦК Компартияи турки-болшевикии Точикистон хамин душманони миллат рохандози карда,зери ибораи "вовчик" харкасеро,ки точики асил буд ва хуни турки-мугули надошт катли ом карданд,лекин фоидае барояшон ин корхо надорад.Ин миллат 40 миллион аст,на чун узбакхо 4 миллион!

точик
холи Бухорову Самарканда бо нефту газаш ва бо узбаку точикаш мегирем, Худо хохад, АМОНАТРО БАРГАРДОНДАН ДАРКОР.

точик. самарканду бухоро на аз точику узбак , балки аз самаркандию бухорист.ва онхо хеч вакт бо тубаринхо гап намезананд, чунки онхо аз ашрофзодагони Осиеи Марказианд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)