Додгоҳ никоҳи марди тоҷик бо зани русро “фиктивний” хондааст
Додгоҳи Самара бо аризаи даъвогии додситонӣ ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистонро бо зани рус бекор кардааст.
Тибқи иттилои додситонии Самара никоҳи ин ду нафар, “фиктивний” буда, муҳоҷири тоҷик онро ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия бастааст: “Мақомот муайян кардаанд, ки никоҳи тақаллубӣ моҳи майи соли 2013 баста шуда, зани рус барои мӯҳри оиладорияш дар шиноснома 7 ҳазор рубли русӣ маблағ гирифтааст.”
Мақомоти рус мегӯянд, ин зану шавҳари тақаллубӣ бо ҳам зиндагӣ надоштаанд ва бо қарори суд ақди никоҳи онҳо бекор гардида, шаҳрванди Тоҷикистон аз барои нақзи қонун дар умури муҳоҷират ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |