(ВИДЕО) Ойниҳол Бобоназарова: “Рӯзи Ваҳдати миллӣ бояд ҷашни шукрона бошад”
Ойниҳол Бобоназарова , раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+”, мегӯяд, касе набояд аз ҷанги дохилии Тоҷикистон ифтихор карда, худро қаҳрамони сулҳи тоҷикон бидонад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, “ин як ҷанги шаҳрвандӣ, як шармандагӣ аст”. “Ман мефаҳмам, вақте як давлат меояд, ҳуҷум мекунад, ҳамаи мо бо нохуну дандонамон мулкамонро ҳимоя кунем. Аммо он ҷанги мо бародаркушӣ буд. Ин рӯз бояд ҷашни тавба бошад” ,-афзуд Бобоназарова. VIDEO
Раҳбари созмони “Перспектива+” илова кард, то ин дам аз рӯи забон овардани “шукрона” худдорӣ мекард, вале ҳоло пешниҳод дорад, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ҷашни шукрона бошад. “Шукр, ки ба ҳамин ваҳдат расидем” ,-гуфт ӯ. Ойниҳол Бобоназарова дар идомаи суҳбаташ гуфт, “ду сол пеш дар ҳамин ҷо баромад карда гуфта будам, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳам аз тарафи раиси ҷумҳур қадрдонӣ мешавад ва ба ӯ ҳам унвони қаҳрамонӣ медиҳанд. Гуфта будам, ки ҲНИТ ҳам як як бахши ҳамин сулҳ аст ва дар алоҳидагӣ ин идро ҷашн нагирад. Имсол ҳам нашуд. Агар иди Ваҳдат аст, пас, ҳама -- ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мо ва Шумо -- ҷамъ шуда, аз ин ид қадрдонӣ кунем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30