Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Наҷиб Абдураззоқ ва имзои 6 санади нав
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари расмияш ба Малайзия бо нахуствазири ин кишвар -- Наҷиб Абдураззоқ рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Наҷиб Абдурраззоқ майли Малайзияро ба ташкил ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, афзудааст, “Малайзия дарҳои худро ба рӯи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба рушди босуботи иқтисодии кишвари шумо мусоидати фаъол намоем”.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои тараққикардаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва хусусан Малайзияро “аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон” номида, барои таҳкими ҳамкорӣ Наҷиб Абдурраззоқро бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон хондааст. “Наҷиб Абдурраззоқ ин ва пешниҳоди дигари Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ хуш пазируфта, ин тадбирҳоро омили муҳими густариши робитаҳо миёни ду кишвар номид”,-менависад торнамои расмии раиси ҷумҳур. Ҳангоми мулоқот зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия машғули илмомӯзиянд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Наҷиб Абдурраззоқ 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Малайзия мебошанд. Манбаъ дар қатори санадҳои имзошуда аз ҷумла номбар кард:
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба машваратҳои дуҷониба;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимпии Малайзия.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, шоми 22 июн бо як сафари давлатӣ вориди Куала-Лумпур, маркази Малайзия, шуд. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нашр кард, дида мешавад, ҳамсари оқои Раҳмон низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ дорад. Ба қавли ин манбаъ, дидору суҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи Малайзия, аз ҷумла подшоҳи ин кишвар Абдулҳалим Муаззам дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |