Бахшҳо
23 июн 2014 09:34Узбакистон / Видео

Видеои Ислом Каримови хурдӣ: "Модару бобоямро ҷанг меандозанд"

Ислом Каримов -- писари Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, модари ӯ ҳанӯз ҳам ҳамроҳ бо хоҳараш дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.

Шабакаи телевизионии русии “Рен-ТВ” ахиран барномаеро бо ҳузури набераи Ислом Каримов намоиш дод, ки дар он Ислом Каримови 2 аз вазъи ахири модараш шадидан ибрози нигаронӣ дорад. Ӯ бар ин аст, ки гуруҳе аз сард будани равобити хонум Каримова бо падараш манфиатдор буда, барои тезу тунд шудани муносибатҳои онҳо хеле талош дорад.

Набераи раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, бори охир модарашро охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд дида, худи ӯ низ бо модараш робитаи маҳдуд дорад. Ислом Каримови 2, ки гӯиё худ барои бозтоби вазъи ахири модараш ба “Рен-ТВ” муроҷиат кардааст, эълон шудани кадом як иттиҳом расман алайҳи Каримоваро рад мекунад. “Модарам ҳамроҳ бо хоҳарам ҳоло дар ҳабси хонагӣ ба таври ғайрирасмӣ қарор доранду онҳоро берун рафтан намегузоранд. Ҳатто хоҳарам аз идомаи таҳсил маҳрум шудааст, чун барои беруноияш аз Ватан иҷоза нест”,- илова кардааст Каримови ду.



Агар чанд соли қабл духтари калонии Ислом Каримовро вориси аслии курсии падар медонистанд, аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифта, ҳатто баъзе аз онҳоро аз таҳти идораи хонум каримова берун карда буданд. Каримова ин овозаҳоро таъйид ва ин иқдомро ташаббуси Кумитаи амнияти Узбакистон номида буд. Ӯ бо нашри як навори видеоӣ дар саҳифаи Твиттераш кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро бо он муттаҳам карда буд, ки аъзои оилаашонро иҷозаи мулоқот бо падар намедиҳанд.

Каримова моҳи феврали соли ҷорӣ бо ирсоли номае ба унвони Uznews.net, гуфта буд, “Кумитаи давлатии амнияти миллии Узбакистон тамоми афроде, ки мехоҳанд, ба ману духтарам кумак кунанду наздикии хонаам, мешаванд, боздошт мекунад.” Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзуда буд, ки ҳамроҳ бо духтари 15-солааш аз ибтидои соли ҷорӣ дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Маъмурини Кумитаи амнияти Узбакистон рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ ба хонаи хонум Каримова “ҳамла” карда, тамоми афроди наздики ӯ, аз ҷумла ҳамсарашро, ки онҷо ҳузур доштанд, боздошт намуда, бо худ бурдаанд.

Вале баъд аз талошҳои зиёд духтари раисиҷумҳури Узбакистон рӯзи 18 январи соли ҷорӣ дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Ислом Каримов ӯро дар соли нави милодӣ ба ҳузур пазируфта, дар амалӣ гаштани нақшаҳои нави тарроҳияш орзуи муваффақият кардааст. Бар асоси иттилои торнамои Uznews.net, мулоқоти Каримова бо падараш рӯзи 2 январ баргузор шудааст. Ҳарчанд Каримова аз ҷузъиёти вохӯрӣ бо падараш парда намебардорад, вале қоил аст, ки ин мулоқоти дурударозе буд.

Гуфта мешавад, ин нахустин дидори хонум Каримова бо падараш баъд аз шикотяҳои тӯлонии ӯ ба шумор рафта, бархе онро зинаи аввали раҳоияш аз буҳроне ном бурданд, ки тирамоҳи соли гузашта духтари 43-солаи Ислом Каримов аз он азият мекашид. Вале духтари раисиҷумҳури Узбакистон ин мулоқотро поёни буҳрони гирифторшудааш надонисту гуфта буд, ҳанӯз ҳам бархе аз ёрони ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ба сар мебаранд. Гулнора Каримова бар ин аст, ки мақомоти амнияти миллии Узбакистон ба Ислом Каримов маълумот ва иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи дӯстону кормандонаш ироа мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, баъд аз мулоқоти Каримова бо падараш муносибати Кумитаи амнияти миллии Узбакистон бо ӯ тағйир наёфта, ҳамоно дӯстонаш паси панҷара мебошанд.

Ахиран хабаргузории EurasiaNet навишта буд, ки бо гузашти беш аз чор моҳ аз баҳамзании “Империяи тиҷорӣ”-и Гулнора Каримова бархе аз корхонаҳои ӯ дар Узбакистон акнун зери раҳбарии хуҷаинҳои нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Як хонандаи ин сайт бо такя ба “манбаъи муътамад”-и худ гуфта, бо эҳтимоли зиёд ин дороиҳо ба дасти хоҳари Гулнора – Лола хоҳад гузашт. Ин ҳам дар ҳолест, ки муносибати Гулнора Каримова бо хоҳараш чандон хуб нест. Ӯ дар чанд навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳарашро зери тозиёнаи танқид қарор дода буд.
Мӯҳр
Регистони
Вах, копия бобои ДИКТАТОРАШ будааст.

Ислом Каримов Дар ин кадар соли презиент буданш давлаташ чи кадар ба пеш рафтааст факат як айб дорад ба дини ислом зулм мекунад Регистони,

wyvcnbfognf
Махз бобои ту Исломчон ба сари точик зулму беадолати, хокимияти яккамахалро сари мо мардуми чабрдидаи точик овард, як кисмамон гуломи дари русу казок ва кисми дигарамон бекору хайрон.

ПИСАРИ БОФАХМ ФИКР КАРДА СУХАН МЕГУЯД. ТАРБИЯИ ХУБ ДОШТААСТ АЗ ОХАНИ ГУФТОРАШ МАЪЛУМ. ОФАРИН ИСЛОМЧОН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)