Ҳукми қатли раҳбарони созмони “Бародарони мусалмон”
Дар Миср ҳукми қатли Муҳаммад Бодия, раҳбари руҳонии созмони “Бародарони мусалмон”-ро содир кардаанд.
Шабакаи “Ал-Ҷазира" гуфтааст, ҳамчунин 13 раҳбари дигари ин созмонро ҳукми қатл додаанд. Мувофиқи қонунгузории Миср ҳукми қатл бояд аз суи муфтиёти кишвар тасдиқ шавад.
Мавриди ёдоварист, баъди “баҳори араб” ва дар натиҷаи интихоботи демократӣ дар Миср ҷонибдорони "Бародарони мусалмон" сари қудрат омаданд. Аммо баъди як табадулоти низомӣ дар моҳи июли 2013 артиш Муҳаммад Мурсиро аз симмати раёсатҷумҳурӣ барканор карда, ба зиндонаш афканд.
Кабинаи нави вазирон, “Бародарони мусалмон”-ро созмони террористӣ эълон кард ва садҳо узви онро ҳукми қатл дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |