Имрӯз дар бинои «Кохи Ваҳдат»- и пойтахт бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол» баргузор гардид.
Зимни ин нишаст атрофи масъалаи рушди соҳaҳои гуногуни қонунгузории кишвар дар тӯли 20 соли истиқлолият мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин ҳамоиш хусусан соҳaҳои гуногуни қонунгузорӣ, аз қабили рушди қонунгузории ҷиноятӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, бонкӣ, асъорӣ, рақобат, соҳибкории хориҷӣ, иттиллоотӣ, тандурустӣ, маориф, меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ ва ташаккулёбии ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин конфронс вакилони маҷлиси намояндагони маҷлиси олӣ, вазорату идораҳо, олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ширкат намуданд. Дар назар аст, идомаи ин ҳамоиш баъди 2 рӯз, яъне 29- уми августи соли равон дар Маркази миллии қонунгузории кишвар баргузор гардад. Дар ин бора аз маркази миллии қонунгузорӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд.
Мӯҳр