Бахшҳо
26 авг 2011 09:54Гузориш

Қудс: Нигини мусулмонон, ки онро тахриб карданианд

Яҳудон барои ибодати мусулмонон дар Масҷидул-ақсо, ки аз ҷиҳати мақом саввумин муқаддасоти муслимин баъди Масҷидулҳаром ва масҷиди пайғамбар дар Мадина аст, монеъаҳо эҷод мекунанд.


Ҷумъаи охири моҳи рамазон дар аксар кишварҳои  мусалмононишини олам ҳамчун «Рўзи Қудс» таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардуми мусалмон ва дигар озодагони башардўст гирдиҳам омада, намоишу маҷолис ба ҷонибдории Фаластини ишғолӣ ташкил карда, алайҳи режими саҳюнистии яҳудиёни Исроил шиорҳое баланд мекунанд…Пас ин чӣ  рўз аст ва  чӣ санаест, ки миллионҳо марду зану тифлу барнои оламро ба ҳам овардааст?  Байтулмуқаддас, Қудси Шариф ва Масҷиди Ақсо аз ҷумлаи  номҳоеанд, ки бо шунидани он номҳо қалби инсони боандешаву имондорро беихтиёр ба ҷўш меорад. Пас сирр ё ҳикмати ин самимият ва муҳаббати ҳар марди мӯъмин аз куҷо маншаъ мегирад?

Ҷойгоҳи Қудс дар ислом ва адёни пешин
Байтулмуқаддас яке аз қадимтарин шаҳрҳои олам аст, ки таърихи беш аз  5 ҳазорсола дошта, дар дарозои таърих бархезгоҳи паёмбарони Худо будааст. Ин шаҳр дар сарзамини Шом ҷойгир гашта, имрўз марбути Фаластини ишғолӣ аст, ки беш аз ним қарн шуд таҳти истеъмори режими саҳюнистӣ қарор дорад. Байтулмуқаддасро таърих бо номҳои зиёде  аз қабили Ябус, Уршалим, Илия, Капитолина, Байтулмуқадас (Хонаи муқаддас)  Қудси Шариф ёд кардааст. Байтулмуқаддас аз маконати баланде дар байни яҳуду тарсову мусалмон бархудор аст. Ин диёрест зебо, дорои таърихи кўҳан ва сарзамини пурбаракат, ки Худованд васфи онро дар чандин ҷойи Қуръон кардааст ва пайғамбари Худо низ борҳо васфи онро намуда. Ии қиблаи анбиёи пешин ва нахустин қиблаи мусалмонон буд. Ин маконест, ки Худованд аз он ҷо беҳтарин бандаи хеш ва ҳабибашро ба сидратул мунтаҳо ба наздаш хонд, ки дар таърихи инсонӣ бо номи шаби Меъроҷ машҳур аст. Худованд дар Каломи покаш фармуда:  

Муназзаҳ аст зоте, ки бурд бандаи худро ба шаб аз Масҷидул ҳаром (Маккаи мукаррама) то Масҷидул ақсо (масҷиди дуртар), ки иҳота кардааст онро баракоти мо то нишон диҳем миқдоре аз намунаи қудрати хеш. Ба таҳқиқ ўст шунаво ва бино. (сураи Исро, 1)


Баракоти динии он чизҳое буданд, ки бархе аз он дар боло зикр шуд, вале баракати дунявии он табиати зебову бой ва дорои захоири бузуги модии он мебошад, ки дар давоми умри инсонӣ тамоми кишваркушоёну имперотурҳо пайваста дар пайи ишғоли ин сарзамин будаанд.  Маъоз ибни Ҷабал, саҳобаи Расули акрам(с) ривоят кардааст, ки пайғамбар (с) гуфт, ки Аллоҳи мутаъол фармудааст:

Эй сарзамини Шом аз миёни тамоми шаҳрҳои минтақа ту баргузидаи ман ҳастӣ ва ман бандагони мунтахаби худро сўи ту мерасонам. (Қуртубӣ)


Қудс ва таърихи кӯтоҳи он
Тибқи гуфтаи муаррихин нахустин сокинони ин сарзамин арабҳои нимҷазираи Арабистон будаанд, ки тақрибан 4,5 ҳазор сол пеш умр ба сар бурдаанд ва дар таърих бо номи ябусҳо маъруфанд.  Ин шаҳр то замони ҳазратиДовуд (ъалайҳиссалом)-ро дар дар дасти Ябусиҳо ва дигар қабоил будааст. Тибқи таҳқиқи муаррихин соли 1049 то милод Довуд ълайҳиссалом ин шаҳрро фатҳ намуд ва онро пойтахти давлати хеш қарор дод. Баъди сари ў ҳукумати ин кишвар ин шаҳрро Сулаймон (ъ) ба дўш гирифт, ки бузургтарин замони давлатдории яҳудиҳо дар ин сарзамин дониста шудааст. Ҳазрати Сулаймон (ъ) дар ин шаҳр Масҷидеро бино кард, ки тибқи ривоёт аз тиллову забарҷаду ва дигар маъданҳои қимматбаҳо сохта шуда буд. Дар тўли таърих чандин маротиба ин шаҳр ва масҷид аз ҷониби ғосибони беруна ишғол гашта  ва масҷид борҳо хароб гаштаву тамоми бойгарияш гоҳе ба мулки Форсу гоҳе ба Рум кашида мешуд. Ҳамин тавр, то замони хилофати Умари Форуқ ин шаҳр борҳо аз даст ба даст гузаштаву ин масҷид борҳо тахриб шуд, ки тафсили он басо  тўлонист.

Умар -фотеҳи Қудс
Соли 638 милодӣ қушунҳои мусалмонон ин шаҳро аз румиҳо тоза карданд ва Софрони, роҳиби масеҳӣ калиди шаҳрро ба дасти Умари Форуқ супурд ва ин амири мӯъминон шартномае бо тамоми сокинони он баст, ки дар он кафолати амнияти тамоми сокинони онро бо калисову ибодатгоҳҳо ва дороияшон ба дўш гирифт ва шарт гузошт, ки бояд ягон яҳуд дар ин шаҳр истиқомат накунад. Ин шартномаи Умар яке аз муҳимтарин санаде дар таърихи Қудс ва Фаластин ба ҳисоб меравад, ки то ин дам расидааст: «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим…Ин кафолати бехатарии бандаи Худо Умар аст барои мардуми Байтумуқаддас…Қафолати комили бехатарии ҷону молу калисову салибҳо, беморҳову дигар мардуми он. Калисоҳои шумо муҳофизат хоҳанд шуд ва ягон мусалмолне онҳоро хароб нахоҳад кард ва ягон чизе низ аз он баргирифта нахоҳад шуд ва масеҳиҳоро касе барои динашон таҳқир ва таҳдид нахоҳад кард, ва бар ҳеч кадоме аз онҳо зараре нахоҳад расид ва ҳеч яҳудие бо онҳо дар Байтумуқаддас набояд зиндагӣ кунад… Ин санад дар соли 25 ҳиҷрӣ навишта шудааст. Дар ин шартнома шоҳиданд: Холид ибни Валид, Абдурраҳмон ибни Авф, Амр ибни Ос ва Музовия ибни Суфиён».

Шикасти салибиён аз Салоҳиддини муҷоҳид
Ҳамин тавр, бо  амри Умари одил Масҷиди Ақсо бори дигар сохта шуд ва ин шаҳр Байтулмуқаддас ном гирифт. Дар ин шаҳр масеҳиву мусалмон дар канори якдигар осуда мезистанд, то замоне ки салибиёни таҷовузгар ба ин хок ҳамла карданд. Соли 1099 салибийёни аврупоӣ Қудсро ишғол карда, тамоми мардуми онро дар хун кашиданд ва Масҷиди Ақсоро макони аспҳои хеш карданд. Бедодиҳо ва шиканҷаи мардуми мусалмон то даме давом кард, ки Салоҳиддини Аюбӣ, амири муҷоҳиду диловари мусалмонон соли 1187 ин сарзаминро ба пуррагӣ  аз салибиён пок кард ва мақому мартабаи пешинаи онро ба мардуми он бозгардонд.Ҳамин тавр, Қудси Шариф дар дасти сулолаҳои мухталифи мусалмонон боқӣ монд, то  ки соли 1917 аз ҷониби англисҳо ишғол шуд.

Саҳюнизм дар сарзамини мусалмонон. Чаро?
Дар аввалҳои асри нуздаҳ кўшиши ба даст овардани ин сарзамин аз тарафи саҳюнистон боло гашт. Онҳо аз  халифаи вақт Султон Абдулҳамид хоҳиш карданд, дар ин сарзамин ҷой бигиранд, вале ба қавли таърихнигорон Абдулҳамид ба онҳо дар ҷавоб гуфтааст, ки ин моли ман нест. Аммо баъди суқути хилофати мусалмонон оҳиста оҳиста дар ин мулк ҷойгир шуданд. Соли 1948 давлати наве бо номи Исроил (аввалҳо  мехостанд, ин давлатро бо ин ном дар Испониё ва  ё Африқо бисозанд…) бо дастгириии ИМА ва Англия дар ин сарзамине, ки қисмати аъзами он арабҳои мусалмон буданд арзи вуҷуд кард, ки тибқи омор 60% онро фаластиниён ташкил медоданд. Ҳамин тавр, ҳоло беш аз ним қарн аст, ки ин сарзаминро саҳюнистон ишғол кардаву дар дасти худ доранд ва саввумин муқаддасоти мусалмонон- шаҳри Қудсро  соҳиб гаштаву соҳибони аслияшро аз ҳаққи зиндагӣ дар он марҳум кардаанд. Фаластин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ талаб дорад, ки пойтахти хешро дубора бигирад, вале ишғолгарони исроилӣ даъвои бозпас додани онро надоранд. Яҳудон манзилу имороти ғайрро ишғол карда, дар он барои ҳаммилатону ҳамкешони хеш, ки аз саросари олам ба ин сарзамини муқаддаси мусулмонон кӯч мебанданд, хонаву дар месозанд.

Ҳатто барои ибодат дар Масҷидул-ақсо, ки аз ҷиҳати мақом саввумин муқаддасоти муслимин баъди Масҷидулҳаром ва масҷиди пайғамбар дар Мадина аст, монеъаҳо эҷод мекунанд. Хабарҳое низ, ки ба воқеият наздиканд, ҳамакнун доман паҳн мекунанд; саҳюнистон зери Масҷиди Ақсо  ҳафриёт доранд, то ин муқадасоти мусалмоноро хароб карда, дар ҷойи он таърихи дурӯғини худро эъмор кунанд.  

Интифоза- хоси мардуми Фаластин (ё худ антифада)
Фаластиниён шабу рўз барои халосии сарзамини меросӣ ва ба даст овардани ҳаққи ҳалолашон даст аз мубориза набардоштаанд. Рўзе нест, ки хонаи фаластиние тахриб нашавад ва тифле, зане, пирмарде   зери бомбаву хунпораҳои саҳюнистӣ ба шаҳодат нарасад.Дар тўли ин солҳои мубориза ва муқовимат Худованди мутаъол пуштибони ин мардум будаву ҳаст. Ин мардум се бор даст ба интифоза, яъне эътирозҳои сартосарии мардум заданд, ки дар қомуси адабиёти сиёсии ҷаҳон  бо ин ном пазируфта шудааст.Нахустини ҷунбиши сартосарии мардуми Фаластин алайҳи ишғоларон соли 1987 шурўъ шуда то соли 1993 идома ёфт,ки ба гуфтушуниди Исроилу Фаластин дар шаҳри Ослои Норвегия (август 1993)  дар бораи ташкили мухторияти Фаластин анҷом ёфт. Интифозаи дуввум соли 2000 сар зад, ки бо номи интифозаи Ал-ақсо машҳур аст. Исроил бо баҳонаи амалиёти зиддитеррористӣ дар моҳи декабри соли 2008 Ғазза ва ҳазор сокини осоиштаро бомбаборон кард, ки феълан бо «амалиёт ва ё худ ҷанги Ғазза» ёд мешавад.Дар ин ҳамалоти ҳавои беш аз 1500 фаластинӣ, ки қисмате аз онҳо занону кӯдакон буданд, ҷоми шаҳодат нӯш карданд. Ҳаракати «Ҳамос»  бори саввум фаластиниёнро ба интифоза даъват кард.

Сукути СММ
Қазияи Фаластин ва мушкилоти аҳолии он бойиси нигаронист ва таърихи тӯлонӣ дорад. Беадолатиҳои режими сҳюнистии Исроил тамоми марзҳои инсониро убур кардааст. Аммо сарони давлатҳои олам ба он таваҷҷўҳи ҷиддие намекунанд. Борҳо пешниҳоду даъватҳо  аз ташкилоту созмонҳои байнамиллалӣ талоши ҳалли ин қазияро карданд, вале ҳеч не ки роҳи ҳалли он пайдо шавад. ИМА ва ҳампаймонони ў бо баҳонаи ҳифзи ҳуқуқи башар Югославияро пора пора карданд, Ироқу Афғонистону чандин кишвари дигарро бо ин баҳона саркўб карданд, аммо ин ҷабру зулму таҷовузи ошкорои Исрилро нодида мегиранд, ки мояи ҳайрат ва тааҷуб аст. Созмоне «бонуфуз», ки онро ном СММ – Созмони Милали Муттаҳид аст, ин қазияро тамоман намебинад, аммо аз тазоҳуроти кӯчаке дар кӯчаи Вотикон садо баланд мекунад…

Юсуфи Қарзовӣ: Қудс ормони мусулмонҳост…
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Исроил худ сохтаи сохтаи Ғарб аст ва барои таҳти контрол нигаҳ доштани Ховари наздик аз ин абзорҳо ва амсоли ин истифода мешавад. Юсуфи Қарзовӣ, донишманди бузуги исломӣ дар ин бора дар китоби хеш «Қудс ормони ҳар мусалмон» овардааст, ки Аврупои ғарбӣ ва Амрико Исроилро бо молу силоҳ кўмак мекунанд, Аврупои шарқӣ ва Русия бо нерўи инсонӣ.. Агар долларҳои Ғарб ба сўи Исроил кўмакҳои иқтисодиву низомии Амрико ва таъйидҳои сиёсии он ба вижа «ветои» он намебуд, ҳоло давлате бо номи Исроил дигар боқӣ намемонд». Ба қавли Қарзовӣ яҳудиён ягон ҳаққи таърихие дар ин сарзамин надоранд, зеро нахустин сокинони он арабҳо будаанд.

Эрон аз Фаластин ҳимоя мекунад, аммо арабҳо не…
Ҳамарўза мардуми ин хоки муқаддас (Фаластин) ҳадафи тир қарор мегиранд, замину хоки ин ҷо аз тир ғалбер шудааст, қаламрави он ба тадриҷ ба дасти дигарон ғасб шудан дорад, ҳатто аҷнабиён даъвои пойтахт эълон кардани Байтулмуқаддасро дар сар мепарваранд. Гузашта аз ин режими саҳюнистӣ ҳадаф дорад, ки  Масҷиди Ақсоро бо баҳонае тахриб карда, мусулмононро аз яке аз муқаддасоташон бе насиб кунанд. Ин ҳамаро дар зери манаҳу бинии 21 кишвари дигари арабӣ ва мусулмоннишин анҷом медиҳанд, аммо шайху райисон ва ҳокиму амирон, шоҳу президентони ин мамолик мӯҳри хамӯшӣ бар лаб ниҳода, ин ҳама бедодгарии Исроилро «кори оддӣ» унвон мекунанд. Шояд инҳо фаромӯш кардаанд, ки Худованд фармуда: «Мўъминон бародари якдигаранд». Дар ин маврид танҳо ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки барои ҳимояи Фаластину фаластиниён садо баланд мекунад, рӯйирост аз онҳо пуштибонӣ мекунад ва ба ҳар роҳу васила кӯмаки худро ба ин мардуми заҷрдидаи мусулмон мерасонад.   Шуҷоат ва ҷасорату ғаюрии Раҷаб  Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркияро низ дар амри дифоъ аз Фаластину сокинони он наметавон фаромӯш кард.   

Рӯзи Қудс
Ин сана (рӯзи Қудс) ҳамасола ҷумъаи охири моҳи Рамазон бо пешниҳоди сарвари Инқилоби Исломии Эрон, Оятулло Ҳумайнӣ таҷлил мешавад. Баъди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон соли 1979 ин рӯз ҳамчун рўзи иттиҳоду якдилӣ бо мардуми Фаластин, ки аз дасти яҳудиён заҷр мебинанд, ҳамчун рўзи Қудс эътироф ва таҷлили он расм шудааст.Аз аввалин санаи таҷлили ин рўз беш аз 30 сол сипарӣ шудааст ва баргузории  он сол аз сол шаҳомати бештар пайдо кардааст ва аммо боз ҳам мардуми озодихоҳи Фаластин зери таадӣ ва фишори исроилиён боқӣ мондаанд.  
Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)