Нигаронии миссияи СММ аз изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Изҳороти Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон дар мавриди таваққуфи фаврии шумориши оро нигаронии Созмони миллали муттаҳидро ба миён овардааст.
Намояндаҳои миссияи афғонистонии СММ гуфтаанд, изҳороти мазкур метавонад сабаби нооромиҳо дар кишвар шавад. Миссияи СММ аз номзадҳои мақоми раёсатҷумҳурӣ даъват кардааст, барои назорати ҷонибдоронашон талоши ҷиддӣ ба харҷ бидиҳанд.
Торнамои afghanistan.ru навиштааст, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзой изҳороти рақибаш доктор Абдуллоҳро танқид карда, ӯро дар беэҳтиромӣ ба афкори интихобкунандаҳо муттаҳам кардааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъд аз зуҳри чоршанбе дар як нишасти хабарӣ ҳукуматро дар тақаллуб дар ҷараёни интихоботи президентӣ муттаҳам карда, ҳамчунин гуфт, дар сурате раванди ҳисоб кардани овозҳо давом кунад, натиҷаҳои он машруият нахоҳад дошт. Ӯ аз ҳама нозирони худ даъват кард, раванди шумориши ороро поён дода ва ба ситодҳои тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ баргарданд. Доктор Абдуллоҳ таъкид кард, дигар ба комиссияиҳои интихоботӣ эътимод надорад, зеро амалкарди ин комиссияҳо бетарафона набудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |