Бахшҳо
19 июн 2014 09:22Тоҷикистон / Сиёсат

Дархости дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи сайтбандиҳо дар Тоҷикистон

Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостааст, барои дастрас шудани шабакаи Ютуб (YouTube) мусоидат кунад.

Оқои Атоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нома рӯзи 18 июни соли ҷорӣ ирсол гардида, дар он баробари дастрасӣ ба Ютуб, аз раиси ҷумҳури кишвар хоҳиш шудааст, ба сайтбандиҳои ғайриқонунии 2 соли ахир хотима бахшида шавад. Номбурда иброз дошт, “беш аз як ҳафта боз дастрасӣ ба Ютуб дар Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти алоқаи кишвар масдуд гардида ва чунин амал боиси норизогии корбарони ин шабака шудааст”.

Қаблан ба “Озодагон” корбарони Интернет хабар дода буданд, ки боз кардани YouTube аз 9 июн тариқи ширкати Бабилон (Babilon), Билайн, Сатурн ва чандеи дигар имконнопазир шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (YouTube) баъд аз нашри наворе аз лаҳзаҳои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин шабака маҳдуд шуда буд.

Дар баробари ин, феълан дастрасӣ ба сомонаи "Озодагон", махсусан шакл ё варианти мобилии он, аз ҷониби Тоҷиктелеком, Телеком Технолоҷӣ ва чандеи дигар аз ширкатҳо маҳдуд мебошад. Инчунин, як ҳафта боз хонандагони Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюз” ба сайти он дастрасӣ надоранд ва мақомот то ҳол иллати чунин сайтбандиро шарҳ надодаанд. Ширкатҳои мухобиротӣ танҳо бо ҳарфи он ки “кори мо нест”, аз ҷузъиёти қазия худдорӣ меварзанд.
Мӯҳр
Шармандаги аз ин хам зиёд намешавад , наход дар як давлати демократи мустакил ниходе гай аз раиссумхур набошад ки хомии хукук бошад .Наход андактарин мушкили рохи халлаш дахолати призидент бошад , вокеан шармам мебиёя аз демократи гуфтани кишварам

Асомиддин агар ин бозии сиёсии Шумо бо ХЧТ набошад, ба ту муваффакият мехохем.

Барномасоз
Сахми Асомуддин Атоев барои рушди сохаи интернет, барномасози умуман технология зиёд аст. Бо ин кас дар Хучанд як маротиба во хурда будем. Дар хакикат хамчун шахсият хам инсони хуб ва бомаърифат аст. Мо низ ба мактуби ин кас шарик хастем.

МашаАллох муаллим А. Атоев хайрит як марди шучоу но тарс ёфтмешудааст, ки ба ин сайт бандихо хотима бахшад!!!

беватан
уфффффффффффф дигар кор намонд
Баха,
Баха,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)