Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон бо Навоз Шариф, нахусвазири Покистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди пешвози расмии Навоз Шариф, сарвазири Покистон, дар Қасри Миллати Душанбе бо ӯ мулоқоти як ба як дорад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни ин мулоқот, масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш баррасӣ мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи мулоқоту музокироти расмӣ имзои як зумра санадҳои муҳим, аз ҷумла барои рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, соҳаҳои саноати нассоҷӣ, таҳсилоти касбӣ, забономӯзӣ ва китобдорӣ дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |