Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳ ва оғози чанд сохтмони иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол рафт.
Бино ба иттиллои дафтари матбуотии райисҷумҳур, президент дар назди филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави таълимӣ ва бинои толори варзишӣ оғоз бахшид. Манбаъ афзуд, ҳамзамон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Душанбе - Рашт - Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон, ки сохтмонаш пурра ба анҷом расид, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хотиррасон гардид, ки навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон соли 2005 оғоз ёфта, имрўз ба охир расид. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии он 350 км буда, барои тармиму навсозияш 177 миллион доллари амрикоӣ ё худ 840 миллион сомонӣ маблағ сарф шуд.Дар қитъаи Нуробод-Рашти ин роҳ 73 км роҳ ва 15 пули дорои аҳамияти маҳаллӣ низ дар баробари шоҳроҳ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифт.
Мӯҳр