18 соли зиндон ба сокини Иркутск, ки ду тоҷики машғули корро парондааст
Додгоҳи вилояти Иркутск як сокини сисолаи ноҳияи Уст-Удинскро барои куштори ду шаҳрванди Тоҷикистон ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тавре додситонии вилояти Иркутск хабар медиҳад, додгоҳ Дмитрий Безносовро дар куштори ду тоҷик ва сӯиқасд ба ҷони як сокини маҳаллӣ гунаҳкор эълон кард: “Зимни мурофиа муайян шуд, ки моҳи сентябри соли 2013 ин шаҳрванд дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ силоҳи шикорӣ гирифта, аз тирезаи коргоҳи истеҳсолӣ ду тоҷики машғули кор дар корхонаро паронда мекушад.”
Манбаъ мегӯяд, маҳкумшуда, ки қаблан низ барои ғоратгарӣ доғи судӣ доштааст, талош намудааст, нафари сеюми даруни коргоҳ, сокини маҳаллиро низ кушад: “Аммо кӯмаки саривақтии табибон нафари сеюмро наҷот дод.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |