Додгоҳи олӣ гуфт, Зайд Саидов то 2 моҳи дигар дар СИЗО мемонад
Бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки рӯзи 17 июн содир шуд, Зайд Саидов -- вазири собиқи саноат ва соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон то ду моҳи дигар дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ хоҳад монд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, 26 сол зиндони зерҳимояаш ҳукми қонунӣ гирифт ва бояд ӯ аз СИЗО ба маҳбас интиқол ёбад.
Қарори нави Додгоҳи олӣ дар пайи дархости Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон содир шудааст, ки хоста буданд, дар доираи парвандаи нав алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонад. Худи Зайд Саидов дар додгоҳ айбҳои наве, ки Оҷонсии зидди фасоди молӣ нисбат ба ӯ эълон кардааст, мисли дигар парвандаҳояш сохтаву бофта ва туҳмат номидааст. Шуҳрат Қудратов мегӯяд, "ягон асос барои нигоҳ доштани Саидов бо ин айбҳо дар СИЗО мавҷуд набуд. Дархостҳои моро ва далелҳои Саидовро оиди бегуноҳӣ ва даст надоштан дар ин ҷиноятҳо ба инобат нагирифт”.
Вакилони мудофеи Зайд Саидов ахиран хабар доданд, ки парвандаи нав алайҳи зерҳимояашон аз рӯи моддаҳои 247 қисми 4 (ғоратгарӣ дар ҳаҷми махсусан калон, ки аз 12 то 15 соли зиндон бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад) ва моддаи 340, қисми 2 (сохтакорӣ, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад) оғоз шудааст.
Шуҳрат Қудратов мегӯяд, баъд аз пофишории зиёд 28 майи соли ҷорӣ муфаттиши Оҷонсии зидди фасоди молӣ онҳоро бо қарор дар бораи парвандаҳои нав ошно намудааст: “Дар қарор зерҳимояи мо – Зайд Саидов чун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷа, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста шудааст.”
Ин дар ҳолест, ки вакили дифоъ таъкид мекунад, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст. Қудратов илова намуд, зерҳимояаш давоми рӯзҳои охир мавриди пурсуҷӯ қарор дошта, на ҳамаи саволҳои мақомоти тафтишотӣ ба парвандаҳои нав марбутанд: “Аз мазмуни ин саволҳо бармеояд, ки тафтишот ба шахсияти соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ мароқ зоҳир намудааст. Аз ҳамаи саволҳое, ки муфаттиш аз Саидов пурсида истодааст, мо гумон дорем, ки мақомоти тафтишотӣ аслан мақсади муқаррар намудани маълумоти зиёд оиди дороии Фирташ мебошад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |