Бахшҳо

Шералӣ Хайруллоев: “Ҳукумат камбудӣ дорад, бекамбудӣ танҳо Худост!”

Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури амният, рӯзи 12 июн дар ҳузури Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, гуфтааст, нооромиҳои Хоруғ худ аз худ пайдо нашудаанд ва ишора ба изи хориҷиён кардааст.

Бар асоси иттилои торнамои “Импулс”, Хайруллоев, ҳангоми ҷаласае дар Хоруғ изҳор доштааст, ки сафарҳои чандбораи намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва сӯҳбату мулоқоти онҳо бо гурӯҳҳои алоҳида ба ин рабт дорад: “Мо ҳанӯз гуфта наметавонем, ки онҳо дар бораи чӣ сӯҳбат доштанд.”

Ба иттилои манбаъ, Шералӣ Хайруллоев фаъолияти кормандони мақомоти давлатиро низ интиқод намуда, гуфтаст, дар кори мо ҳам камбудиҳо ҳаст: “Агар гӯем ки мо кормандони ҳукумат камбудӣ надорем, дуруст нест. Аммо дигар ҳизбу ҳаракатҳо фақат гап мезананд, вале мо бошем кор мекунем. Касе, ки кор мекунад, ҳатман ба камбудӣ роҳ медиҳад. Бе камбудӣ танҳо Худост.”

Шералӣ Хайруллоев афзудааст, зиёда аз 20 рӯз боз дар Хоруғ қарор дорад ва ният дорад, ба наздикӣ бори дигар бо ҷавонон мулоқот намояд. Соҳибкор Фирӯз Амонбеков далели аслии қазияҳои ахир дар Хоруғро бекории ҷавонон арзёбӣ карда, таъкид намудааст, барои ҷилавгирӣ аз такрори онҳо ҳукумат барои муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ талоши бештар намояд. Инчунин, иштирокдорони ҷаласа хабарҳои бархе аз расонаҳои хориҷиро дар мавриди ҷудоихоҳии бархе аз бадахшониён беасос хондаанд.

Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон, дар ин мулоқот иброз намудааст, ки агар созишномаи оштии миллӣ ба имзо намерасид, истиқлолияти кишвар ва якпорчагии Тоҷикистон зери суол мемонд: “Ин рӯз моро сарҷамъ кард ва имкон дод, то мо дувумбора ба эъмори сарзамини худ шурӯъ кунем”. Раиси вилояти Бадахшон бо зикри аҳамияти сулҳу субот таъкид намудааст, тамоми қишри ҷомеа бояд талош кунад, то ҳаводиси амсоли моҳи май дар Хоруғ такрор нашаванд.
Мӯҳр
Muhtaram Sheralii Khairullo avvalan salom. Va badan hukumatro avlodi nakuned ba digaraon niz kam kam vazifahoro dihed va badan tana zaned ki onho kor namekunad va tanho meguyand.

Дехкон
Камбудихои асосии Хукумат дар айни хол: порагири ва фасодкори, мансабфуруши, бебарки ва бекории мардум,махалгарои ва хешутаборбози,интихоботхои гайридемократи ва ношаффоф,парлумони ноухдабаро, роххои пулаки, маош ва нафакахои ночиз, андоз ва фоизхои баланди бонки, мустакил набудани додгоххо,облаваи чавонон ва г.х

Чаноби Хайруллоев хама вакт таъкид мекунад, ки сабаби нооромирхоро дар Душанбе бояд чуст. Рост мегуяд, чунки худаш дар Душанбе зиндаги мекунад ва дар натичаи амалиети бебарори соли 2012 тахри кумандонии вай эхтироми мардуми ВМКБ-ро нисбати Хукумат аз миен бурд. Аз ин ру, рост мегуяд.

1111
Хамин Хайруллоев чи кор мекарда бошад хайронум. дар 20 соли вазири мудофиа буданат хамин як масъалаи облаваро хал накарди. Дигари корхо у тарафай. бо ёрдамчи оиди амният ва мудофиа.

сармад
прокурори вилоят раиси кумитайи амният ва сардори умури дохилайи вилоятро чаро сабукдуш наукардед огойи хайруллоев онхо гунох доранд прокурори вилоят як шахст бетачриба ва тарсуро салимзода тайин кард ба ин масъадахо президент бояд диккат дихад агар макомотхойи хифзи хукук дуруст кор мекардан кор ба инчо намерасид агар чунин чорахо дида нашавад ин тазохуротхо такрор мешаванд шумо чаро асли вокеаро нодида мегиред чанобон.

Фируз Амонбекови мухтарам,"дар дигар шахру нохияхои чумхури кор лаб задааст ва чавонхои мо ба Русия танхо барои сайругашт мераванд".Шумо агар сохибкор бошед кушиш намоед корхонаи майда кушоед то чавонон кор кунанд .Вале афсус бо ин мушкули хал намешавад зеро музди коре ки дар Точикистон медиханд барои зиндаги нокифоя аст.Биед ороми бошад як шиками харом як гап мешавад.Аз хукумати мо ягон умеди бехбуди нест.

мухочир
Камбудии Хукумат хаминай, ки хукмати нафакахурон, мисли худтай, ака

Точки писал
Бас кунед ин бозихоро. Бас ,хоричиену алкоидау толибону хиу ва дигархо.Одамони бегунохро куштед чавоб дихед.Маълум аст ки кариб 17кас боях кушта шаванд.Инхо писарбачахои хоруг мебошанд.Ин магар камбуди ,ин бесалохиятии хукумат АСТ.Шумо Мардуми бегунохро сочти 10:25 дар пеши швкд хоруг гайриконуни парондед ва хозир масаларо дигархо тараф гардонда истодаед .Дар шаъни химояи конун якбор милиционерхои конун шиканро ба чавоб гари кашед

Борони Порги
Сабаб на дар ину он аст.Сабаб дар бесаводии амалдорон ва минтакагароии рузафзун аст.Имруз тамоми аклхои вокеаъан акли чомеъаи точик аз кишварамон руз ба гурез ни ходаанд,зеро як ояндаи тангу торикеро мебинанд.Кор то он дарача рафта расидааст,шиносномаи руси гирифтан мояи ифтихори хар як точики боакл гардидааст.Инро чор мансабдоре,ки аз пули халк ва кисаи мухочири точик(кахрамони аслии кишвар) касрхои дакаданг месозанд намефахманд.Имруз маълум аст,ки дар сохаи ислохоти кишоварзи ва ислохоти хусусигардонии саноат хукумат хамаро бой дод ва сабаби аслии мухочиршави баъди итмоми чанги шахрванди низ хамин аст.Бояд кадрхои босаводи тамоми нохияхо даъват ва як хукумати босаводи бидуни буи минтакаро созмон дод ва андешаи точики кишвари мустаъкилро ба вучуд овард,агар на дар 100 соли дигар номи нангии Чамшуд ва кишвари Чамшудистон аз байн нахохад рафт.

Аз хама рохи осон бор кардани проблема бар сари кишвархои хоричи аст. Инро русхо отвлекающий маневр меноманд. Яъне шумо гуфтаниед, ки мохи байебеду хоричихо танхо гунахкоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)