Бахшҳо

Абдулқодирзода дар бораи Фиръавну Чингизу Гитлер, президент ва саҳобаҳо

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, аз хурду бузург хост, Худоро аз ёд набаранду дар ҳаққи раҳбарон дуои хайр намоянд, чун ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре аз ёди Парвардигор ғофил буд, ҳоло аз онҳо ному нишоне намондааст.

ФИРЪАВНУ ЧИНГИЗУ ГИТЛЕР КУҶО ШУДАНД?

Абдулқодирзода рӯзи 13 июн дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, ки дар бораи раҳму шафқат ва бо ёди Худо будан, суҳбат мекард, гуфт, азбаски шахсиятҳои номдори вақти таърих ба монанди Фиръавну Гитлер ва Чингиз бо ёди Худо набуданд, имрӯз аз онҳо чизе боқӣ намондааст. Ӯ изҳор дошт, “Фиръавну Гитлеру Чингиз, ки даҳҳо миллион инсонро ба қатл расонидаанд, куҷо шуданд? Канӣ он ҳама зулму ситаму дигару дигар? Куҷо шуд? Оё онҳо бо Худо буданд?! Не. Ҳоло чӣ доранд? Ҳеч чиз! Вақте бо Худо набуданд, ҳеч чиз надоранд. Худованд мегӯяд, агар розигии маро аз даст додаед, ҳеч чиз надоред.”

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон даъват кард, ҳамеша бо ёди Худо бошанду ӯро аз ёд набаранд: “Худованд мегӯяд, агар маро ёфтед, ҳама чизро дарёфтаед ва агар маро аз даст додед, ҳама чизро аз даст додаед. Агар инсон Худовандро аз даст дод, пас, чӣ дорад, агар дунёро ҳам дорад, чӣ қадар давом мекунад.”

ДАЪВАТ БАРОИ ДУО ДАР ҲАҚҚИ ПРЕЗИДЕНТ

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз намозгузорон бори дигар даъват кард, дар ҳаққи раҳбари худ дуои хайр намоянду аз лаънату бадгӯӣ ба сарварон худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ба намудани дуои нек барои раҳбарон таъкид кардааст. “Дар ҳадиси паёмбар омадааст, Шумо раҳбару сардорҳои худро лаънат нагӯед, чун ин ба зиёни Шумост ва агар чӣ қадаре ғазаб карданд, Шумо гирифтор мешавед ва дуои нек кунед, чун агар онҳо дар кору ин барномаҳои худ комёб шуданд, комёбию осудагии Шумост”,-афзуд Сайидмукаррам Абдулқодирзода.

Абдулқодирзода бо зикри сафарҳои бархе шахсиятҳои воломақоми кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла Андрис Берзинш, раисиҷумҳури Латвия ба Душанбе гуфт, “сарвари давлат ҳамеша дар ҷустуҷӯи он аст, ки ин кишвар ободу пешрафта бошад. Ҳоло ҳар рӯз меҳмонҳо омада рафта истодаанд ва раҳбари давлат сафарҳо мекунанд. Албатта, ин ҳама ба хотири ободию пешравиҳои мардум аст.”

Ин дар ҳолест, ки Абдулқодирзода қаблан низ аз сокинони кишвар даъват карда буд, аз бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат (раисиҷумҳур) худдорӣ намуда, ба ҷои он дуои хайр намоянд. Ӯ дар як суханронии худ таъкид карда буд: “Раҳбари давлатро эҳтиром кунед, бад гуфтани раҳбари давлат ғазаби Парвардигорро меорад.” Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар шарҳи ин гуфтаҳояш таъкид карда буд, “адолати яксоатаи раисиҷумҳур баробар ба 60 соли ибодат мебошад, 60 соли ибодати обид ва яксоата адолати сарвари давлат ҳарду баробар аст. Чун як шахс ибодат кардааст, агар раҳбар дар як соат адолат кунад, 7-8 миллион аз он баҳравар мешаванд ва Худованд низ ба адади ҳар яки ин мардум ба ӯ некӣ менависад.”

"ДАШНОМ БА САҲОБАГОН ОФАТ АСТ"

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар охири хутбаи намози ҷумъа дубора ба масъалаи таҳқиру дашноми саҳобагону ёрони Муҳаммад (с) аз сӯи бархеҳо дахл карда, аз намозгузорон хост, дар ҳаққи муъминону мусулмонони гузашта сухани бад нагӯянд, чун хидмати онҳо дар роҳи Ислом охир надорад. Ӯ бо ибрози таассуф гуфт, бархе сокинон ҳоло ба унвони саҳобагону шахсиятҳои маъруфи олами Ислом дашном мефиристанд, ки ин ҳама ғазаби Худованду паёмбарашро меорад. “Ҳатто ба саҳобаву ҳамсарҳои паёмбар (с), ки хидматҳои шоёне барои инсоният кардаанд, ҳарфҳои бад мегӯянд. Ин як офат аст, инсонро ба азоби ҷаҳаннам мекашад. Лаънату бад гуфтан, ба мусулмонҳои гузашта инсонро ба ҷаҳҳанам мебарад”,-таъкид дошт, ӯ.

Ин даъвати дубораи раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон дар ҳолест, ки ибтидои ҳафтаи равон Эшони Нуриддинҷон, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо низ, гуфта буд, ҳар нафаре дашном додани Абубакру Умар - ёрони паёмбар (с)-ро раво медонад, бидуни шак кофир шудааст. Ин руҳонии саршиноси тоҷик дар посух ба суоли корбари сайти Тӯраҷон.орг гуфт, “агар шахсе дашном додани шайхайн – Абубакр ва Умарро ҳалол ё ҷоиз медонад, пас бе шак кофир аст.” Ба қавли Эшони Нуриддинҷон, дашном додани ин ёрони паёмбар (с) аз бузургтарин гуноҳони кабира маҳсуб мешавад.
Мӯҳр
payombar gufta boshadhan na ba sardorone ki ziddi payombaru ziddi hudoi u muboriza bara. vagte ki az qonuni hudo dur shuded va ziddi u muboriza burded kujo duoi nek kunem? gudovand mefarmoyad kase dushmani maro va payombari maro dust megirad u imon nadorad inho boshand har ruz yak masehi yo yak yahudi ki hama dushmani mo musalmonho hast dust megirand. manham mehoham kishvaramon tinj boshad lekin bo in konunhoi az hud bofta nametavon tinj kard.ozodagon ozodona chop kuned chunki injo ozodi ast.

Точикак
пуфф, баъди "дискредитация"-и раиси маркази исломии Точикистон агар у ягон сухани рост гуяд хам суханаш хандаовар аст, чи адолат карда дари масчидхоро баст сарвари Шумо. Дар хадис сухан дар бораи сарвари мусалмону давлати исломи меравад, боки худо доност...

baroi kadom kori khayrash dar haki prizdent duoi khayr kunem? baroi muhojir shudanamon? baroi hammai mansabora ba avlodush taksim kadanush? baroi sathi pasti zindagiamon? baroi gulomi rusho kardanamon? baroi avlodu khusurbachahoyash khonahoi marduma kshida giriftanash? baroi noadolatiho? kadom kori khayr kardaast dar hakki mardum? yak soat adolat kardani podshoh inkadar savobi kalon doradu 22 sol noadolati kardan gunoh nadorad? kani mantiq? az in safarhoi meguftagiat yagon foida nest kani didaistodai ki zindagii mardum bajoi khubshudan badtar shudaistodaast haminast dastovardi janobat? sohbkoronro jalb kuned meguyadu khudash sohibkoronro zindon kardavu molu mulkashona kashida giriftaistodaast bozorhoi marduma avlodash kashida megirand bepul marduma az khonaashon pesh mekunand magar bozham duoi khayr kunem? dar asl tu az KHudo tars va laganbardoriro baskun fardo tuham ba inhama azobeki mardum mekashad javob megui

АБДУЛЛОХ
Эй кош дилхо мисли чехрахо мебуданд.

Адл Душанбе
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон пеш аз намози чумъа бисёр насихатхои бомаврид кард. Суханхои у пурмазмун буданд. Дар хакикат хар фард вазифадор аст, ки Худоро аз ёд набарорад, инчунин дар ҳаққи раҳбарон дуои хайр намояд. Вактхои охир рузхои чумъа дар мавзуъхои бехтарини дини ва чомеа мавъиза мешавад, ки ин савияи дониши дини ва чамъиятии намозгузоронро боло бурда истодааст.

сино
Раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар идома аз намозгузорон бори дигар даъват кард, дар ҳаққи раҳбари худ дуои хайр намоянду

Ман шахсан суханро барои шумо Мукарам хайф медонам чунки минбари паембарро чои ташвикоти шохони замон кардед. Хол он ки паембар (с) ва еронаш аз ин минбар ба чуз ситоиши Аллоху хадисхо касеро ситоиш намекарданд.Шумо гуфтаед: “Раҳбари давлатро эҳтиром кунед, бад гуфтани раҳбари давлат ғазаби Парвардигорро меорад.” Чи ба гуфти шумо рахбари давлат шуд бояд осонакак дуои хайр бигирад??? Барои дуои хайр гирифтан ба халки Аллох хизмат кардан лозим вагарна бисьеранд рахбарони фиръавнсифат ки чи кадаре дуо кунанд Аллох аз он замин дуоро кабул намекунад.

Шоди
Мухтарам домулло мо акнун у фиравнро намедонем.лекин хизмати чингизу Гитлер ба миллаташ бисьер буд.Агар таьрихро надони хуб нест.Магар чингизе набуд 300 сол рус пеши мугул сар хам кард .магар авлоди чингиз холо хам дар осиеи миена хукмрони намекунанд? Ое ин хизмате набуд,ки то имруз миллаташ ягон кас чамшуду равшан намегуяд? ОЕ ин хизмат хуб нест нисбати лаганбардорон.ки забоан миллатдусту амалан горатгару дузду маххалгаро.

Яъкуб.Душанбешахр.
Хуб мешуд чаноби муфти ин суханро хитоб ба рохбарону сарварон мекадед на мардуми одди.Чун дар инчо аз рохбарону амирон сухан меравад.Ва дигар он суханхоро ,ки подшох сояи Худо хаст нагуед ,чунки Фиръавну Чингизхону Сталин низ подшоху рохбар буданд......

Darvesh
...“Фиръавну Гитлеру Чингиз, ки даҳҳо миллион инсонро ба қатл расонидаанд, куҷо шуданд? Канӣ он ҳама зулму ситаму дигару дигар? Куҷо шуд? Оё онҳо бо Худо буданд?! Не. Ҳоло чӣ доранд? Ҳеч чиз! Вақте бо Худо набуданд, ҳеч чиз надоранд. Худованд мегӯяд, агар розигии маро аз даст додаед, ҳеч чиз надоред.”

Zero har ruz 2-3 tobut az Russiya ba Tojikiston intiqol meyobad!!!!

Аёз
Хаста набоши Раиси Марказ! Магзи суханхоро гуфта гузашти. Мо халки Худо 101 % ин суханхоро дарк мекунем ва шабу руз дуо мекунем, ки Худованд инсофашон тихад, то ки бо Худо ва Халки Худо бошанд.

Astagfirulloh , e barodar Alloh khudush shohid ast baroi kursi sharm az Alloh namekuni durug megui

безор аз харза
Сафсатаву харза. Дунёи пешрафта ба сайёрахои дигар парвоз дорад, инон афсонаи арабро рчзбор доранд. Чахолат, чахолат, хайфи миллат. Ин муфтии лагандбардор руирост афсоеа мехонад ва халки гумрох уро гуш медихад..

Хатибчон
“Фиръавну Гитлеру Чингиз, ки даҳҳо миллион инсонро ба қатл расонидаанд, куҷо шуданд? Канӣ он ҳама зулму ситаму дигару дигар? Куҷо шуд? Оё онҳо бо Худо буданд?! Не. Ҳоло чӣ доранд? Ҳеч чиз! Вақте бо Худо набуданд, ҳеч чиз надоранд. Худованд мегӯяд, агар розигии маро аз даст додаед, ҳеч чиз надоред.”
Ин суханхо хитоб ба рахбар аст чун намешавад як одами оддиро бо Сталину Чингизу Фиръавн мукоиса кард, Саидмукаррам чони гапро гуфтааст.

гарибон
Ин шахс бо кадом далел мегуяд дар хаки президент ддуо кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)