Бахшҳо

Абдулғафури Орзу: “Фасоди ҷомеа нишондиҳандаи фақри мудирият аст"

Доктор Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, омили аслии фасоди густурда дар ҷомеаро фақри мудирият номидааст.

Ин дипломати афғон дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, “дар айни замон бояд таваҷҷуҳ кард, ки воқеияти фасоди густурда дар ҷомеа, ин нишондиҳандаи фақри мудирият мебошад, на заъфи мудирият.” Ӯ мегӯяд, албатта ин омил бозгӯи он нест, ки дар ҷомеа мудирони қавию масъулиятшинос вуҷуд надоранд.

“Бо ин ҳафрҳо мехоҳам бигӯям, ки аз дидгоҳи ман, муҳимтарин фақр дар ҷомеаи мо, фақри мудирият аст. Мудирони ояндабину нухба метавонанд, бо фақри иқтисодию фарҳангӣ ва сиёсӣ муборизаи илмию амалӣ баранд. Агар адолат ва шоистасолорӣ табдил ба роҳбурд ё худ стратегия гардад. Ҷомеаи бо нухбамеҳварӣ метавонад, масъулиятҳои калидиро дар тамоми арсаҳо ба мудирони ояндабину қавӣ ва масъулиятпазир супорад. Чунин роҳбурдӣ метавонад, сохтори сиёсии мубтанӣ ба назмро ба низом табдил диҳад”,-навиштааст Абдулғафури Орзу.

Оқои Орзу дар шарҳи гуфтаҳояш мисолеро овардааст: “Як хонаводаи фақиреро дар назар мегирем, ки бо маоши ночизи падар афроди оила зиндагиро ба сахтӣ пеш мебаранд. Ин падару модар шаш фарзанд доранд. Агар волидайн бо диққат нону оби ёфтаи худро ба фарзандон тақсим накунанд, табиист, ки гуруснагӣ ғалаба карда, пайвандҳои хунию бародарӣ дар зовия қарор хоҳанд гирифту дар натиҷа фарзандони калон ва қавӣ ҳамаи он ғизоро истеъмол мекунанду бародарони кӯчак ангушти ҳасрат дар даҳон гурусна мемонанд. Аммо агар падару модари ояндабин тақсими одилонаро дар ин ҳолат ба роҳ монанд, ғизои андакро мудирият намоянд, табисит, ки натанҳо аз чеҳраи хашини фақр андаке коста мешавад, балки ба маънои ҳаракат дар самти сомондиҳии иқтисоди нобасомони хонаводагист.”

Дипломати афғон бар ин аст, ки тақсимоти одилона метавонад, ба рушди соҳаи фарҳангӣ низ заминагузор бошад. “Таҳаққуқи адолат; қонунмандӣ шудани равобити хонавода; тақсими одилонаи имкони мавҷуд; табдил шудани назм ба низом; дигарпазирӣ ва пазируфтани ҳаққи дигарон; табдил шудани қонун ба фарҳанг аст”,-гуфтааст ӯ.

Сафири Афғонистон дар идома афзудааст, “агар чунин мудирият дар сатҳи ҷомеа амалӣ шавад, табиист, ки заминаҳои рушди соҳаи иқтисоду фарҳанг низ фароҳам мешаванд. Албатта, ҳамаи ин раванд дар гарави ҳокимияти низоми сиёсии қонунмеҳвар амалӣ мешавад. Агар қонун дар амал татбиқ бошад, тавсеаи мутавозини сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад, аз фақри хашину хушунат раҳо созад. Қонунмеҳварӣ ва раванди амалии шавии он танҳо бо шоистасолорӣ мумкин аст. Шоистасолорӣ худ гавҳари вуҷуди адолат аст. Пас ба хулосае метавон омад, ки ба далели фуқдони аҳзоби сиёсии қавӣ ва заъфи ниҳодҳои маданию заъфи ҳаракати ҷараёнсози равшанфикрӣ, ҷомеаи мо ба иҷборӣ ҷомеаи нухбамеҳвар шудааст. Нухбамеҳварӣ ва шоистасолорӣ метавонад, аз фақри мудириятӣ бикоҳад. Мудирони тавоно ҳамоно нухбагони фикрӣ ва абзори як ҷомеаанд, ки дар раванди пур печу тоби иҷтимоӣ парвариш ёфтаанд. Майдон додан ба чунин нухбагоне, ба маънои амалӣ кардани роҳбурди адолат пайваста бо шоистасолорӣ мебошад.”
Мӯҳр
99
Ҳақ аст!
Вале ин мардум ва ин давлате, ки мову шумо дорем, мудирият надоштанд ва надоранд!
Барои инҳо фарзандони худиву угай ҳаст, ки тайёранд, ҳатто ин угайҳоро нест кунанд.

Фемида
Хак ба чониби Мухтарам Сафири хамзабони мо, хушотарин фалсафаи ХИРАД ва АДОЛАТРО ифшо кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)