INL ба Маркази экспертизаи судӣ ва криминалистии Тоҷикистон таҷҳизоти муосир тақдим кардааст
Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Тоҷикистон васоити нақлиётро бо лабораторияи сайёру таҷҳизоти криминалистӣ ҳадя кардааст.
Тавре аз Сафорати ИМА дар Душанбе хабар доданд, ин иқдом иқтидори лабораторияи криминалистиро ҷиҳати коркард ва таҳлили далелҳои шайъӣ дар ҷои содиршавии ҷиноят баҳри фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон баланд хоҳад бардошт. “Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард”,-хабар медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |