Ҷай - ҳунарпешаи дигари Болливуд низ Исломро қабул кардааст (АКС)
Расонаҳои Ҳиндустон менависанд, Ҷай -- ҳунарпешаи маъруфи ин кишвар дини мубини Исломро қабул карда, мусалмон шудааст. “Times of India” акси Ҷайро нашр кардааст, ки ҳангоми намоз хондан дар дохили масҷиди Чиннай қарор дорад.
Ӯро дар масҷид продюсери мусиқии филмҳои ҳиндӣ Юван Шанкар Раҷ, ки қаблан Исломро қабул карда буд, ҳамроҳӣ намудааст. Бино ба иттилои “Times of India”, Ҷай гӯиё як соли пеш Исломро пазируфта, дар моҳи шарифи Рамазони 2013 рӯзадор будааст.
Ин дар ҳолест, ки моҳи гузашта Моника Рекха Марутхираҷ, ҳунарманди дигари маъруфи синамои Ҳиндустон, тавассути расонаҳо мусалмон шудани худро эълон кард. Ӯ гуфта буд, Исломро қабул намуда, аз шоу-бизнес канор рафтааст.
Моника Рекха Марутхираҷ, инчунин, номашро ба Раҳима табдил дода, изҳор дошта буд, ки “Исломро на барои муҳаббат ва на барои пул қабул кардаам. Ман чунин инсон нестам. Ба ман принсипҳои Ислом писанд омад ва барои ҳамин онро қабул кардам. Аз ин ба баъд дигар дар синамо бозӣ намекунам, ҳарчанд қалбам ҳоло ҳам барои он метапад, аммо тасмимам қатъист.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |