Генерал Ниёзов -- сафири нави Қирғизистон дар Душанбе?
Кумитаи умури байналмилалии парлумони Қирғизистон рӯзи 6 июн номзадии Мирослав Ниёзовро барои сафирӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Ниёзови 63-сола, аз соли 2001 то 2005 низ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон кор карда буд.
Ӯ, ки унвони генерал-майориро дорад, солҳои охир ҳамчун котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон ифои вазифа намудааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон парлумони Қирғизистон пешбарии номзадии Нур уулу Досболро ба ҳайси сафири фавқулодаи ин кишвар дар Тоҷикистон қабул накарда буд.
Аъзои Кумитаи умури хориҷии парлумони Қирғизистон аз нахуствазир ва раисиҷумҳури кишвари худ хоста буданд, то ба ин мақом шахси дигарро пешниҳод намоянд. Нур уулу Досбол, доктори илмҳои таърих, раиси собиқи Донишгоҳи миллии Қирғизистон буда, дар Шӯроби Тоҷикистон ба дунё омадааст.
То оғози соли равон Урмат Саралаев ҳамчун сафири Қирғизистон дар Душанбе ифои вазифа мекард. Вале мақомоти Бишкек дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик сафири худ дар Душанберо ба ватан хонда ва ҳамакнун сафири навро таъин карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |