Як корманди ҶСШК «Барқ» бо иттиҳоми сӯйистифода аз ваколатҳои хидматӣ ва хунукназарӣ дастгир гардид.
Тибқи иттилои вазорати умури дохила Дилшод Орипови 34-сола, дар вазифаи техники идораи мазкур дар шаҳри Кӯлоб ифои вазифа карда, аз соли 2008 ба ин сӯ маблағҳоро дуруст назорат накарда, рафтори ғайриҳирфаӣ намудааст. Тафтиш муайн кардааст, ки ӯ ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, ба назоратчиёни дар ихтиёраш буда бепарвоёна ва хунукназарона муносибат карда, дар натиҷа муштариёни ҶСШК-ро ба маблағи 3.555.567 сомонӣ қарздор намудааст.Нисбати Дилшод Орипов тибқи моддаҳои 314 ва 322-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр