Видеои Пӯлодова зидди ҲНИТ: "Ҳадафашон танҳо курсӣ аст!"
Дар Ютуб (YouTube) навори нав алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шудааст, ки дар он зане бо номи Тоҷихон Пӯлодова худро собиқ сардори ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара муаррифӣ мекунад ва мардумро ба канорагирӣ аз ҳизбу ҳаракатҳо даъват менамояд.
Ин зан, ки дар гузашта омӯзгор будаасту феълан нафақахӯр (бознишаста), таъкид мекунад, ки ҳадафи ин ҳама ҳизбу ҳаракатҳо гирифтани курсист. Ӯ аз мардуми Тоҷикистон хостааст, фирефтаи ваъдаҳои пуч нашаванду шукронаи ободию оромӣ кунанд.
Дар идома Тоҷиева масъулони ҲНИТ-ро дар дуруғгӯӣ муттаҳам мекунад, ки агарчӣ аз соли 2005 узви ин ҳизб нест, ҳамоно ӯро раиси ташкилоти ибтидоӣ муаррифӣ мекунанд: “Аҷабо, муллоҳо дурӯғ мегӯянд. Дар деҳаи мо баъд аз он ки ман аз ҳизб баромадам, ҳама аз он хориҷ шуданд.”
Ин зан дар ниҳоят аз духтарону модарон даъват мекунад, ҳизбу ҳаракатбозиро канор гузоранду ба омӯзиши илм машғул шаванд, чун пайғамбари Худо гуфтааст, қисмати хурде аз илм беҳтар аз 60 соли тоату ибодат аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |