Як миллиард доллари Google барои расондани интернет ба ҷаҳони севум
Ширкати интернетии Google тасмим дорад, як миллиард долларро барои сохтани шабакае аз моҳвораҳои хурд равона созад. Ин моҳвораҳо, ки дар сатҳи нисбатан паст атрофи Замин мегарданд, бояд кишварҳои бо интернет мушкилдоштаи чаҳони сеюмро бо шабакаи ҷаҳонӣ пайваст намоянд.
The Wall Street Journal менависад, шояд дар оянда маблағгузории Google ба ин лоиҳа ба маротиб афзоиш ёбад, аммо худи ширкат дар ин хусус чизе намегӯяд. Мувофиқи баъзе маълумот, дар сурати бобарор будани даври аввали лоиҳа, маблағгузории он ҳадди ақал то се баробар зиёд хоҳад шуд.
Ҳоло маълум аст, ки Google нақша дорад, 180 моҳвораи хурдро бо таҷҳизоти телекоммуникатсионии пуриқтидор ба мадори паст барорад. Лоиҳа тариқи ширкати навруста (стартап) O3b Networks Ltd амалӣ хоҳад шуд. Google ширкатро алакай харидорӣ намуда, муассиси он Грег Уайлер (Greg Wyler) лоиҳаро роҳбарӣ мекунад. Ба ин лоиҳа, инчунин, мутахассисон ва муҳандисони ширкати Space Systems/Loral LLC ҳамкорӣ мекунанд.
Пештар бо иқдоми монанд ширкати Фейсбук баромада буд. Марк Сукерберг, молики Фейсбук, бо ширкатҳое монанди Ericsson, MediaTek, Nokia, Opera, Qualcomm ва Samsung лоиҳаи Internet.org-ро таъсис дод, ки он низ тавассути моҳвораҳои хурд мехоҳад ҷаҳонро бо интернет таъмин кунад. Мувофиқи маълумоти Internet.org, аз се як ҳиссаи мардуми ҷаҳон метавонанд онлайн бошанд.
Google қаблан ширкати созандаи дронҳои баландпарвоз Titan Aerospace-ро, ки Фейсбук низ хоҳонаш буд, харид. Дронҳои ин ширкат метавонанд дар осмон тӯли панҷ сол дар парвоз бошанд. Ҳафтаи гузашта маълум шуд, ки Google нақша дорад ширкати моҳворавии Skybox Imaging-ро низ харидорӣ кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |