Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз аз тарафи кормандони хадамоти гумрук дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс» мавриди тафтиш қарор гирифт.
Аснои санҷиш ва кофтукоб аз бордони автомашинаи мазкур аз дохили ҷузвдон (сумка)-и Саъдуло Шамсови 43- сола маводи мухаддир забту мусодира гардид. Манбаъ мегӯяд, ӯ бо мақсади ба Федератсияи Русия бурда ба савдо задани ду бастаи ҳероин аз камераи резинии дучарха истифода кардааст.Зимнан, дар ҷараёни амалиёт Олямо Муродова низ бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт гардидааст.
Ташхиси лабораторӣ нишон дод, ки маводҳои боздоштшуда навъи «ҳероин» буда, вазни холиси он аз Саъдуло Шамсов 3 килою 552,1 грамм ва аз Олямо Муродова 7 килою 296,2 граммро ташкил дод. Айни замон нисбат ба шаҳрвандони номбаршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ба додситониҳои марбута ирсол гардидаанд.
Мӯҳр