Бахшҳо

Мурофиаи волидон барои ба масҷид рафтани ноболиғон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар тӯли як моҳи охир дар ду ҳолат паадру модари наврасонро барои дар масҷид намозгузорияшон ҷарима баста ва огоҳӣ додааст. Додгоҳ ин қазияҳоро аз рӯи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда, волидайни фарзандони намозхонро барои он ки аз уҳдаи тарбияи писаронашон набаромадаанд, муҷрим шинохтааст.

Аз ҷумла, бар асоси иттилои масъулони додгоҳи Исмоили Сомонӣ, Сироҷиддин Мирзоевро барои он ки писараш Муҳаммадраҷаб, хонандаи синфи 8, тахминан соати 22:10 барои хондани намоз ба масҷиди Ҳоҷӣ Ёқуб рафтааст, ба андозаи 40 сомонӣ ҷарима бастааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, инчунин, Хуристон Худоёроваро барои он ки фарзандаш дар вақти дарс барои хондани намоз ба масҷид рафтааст, тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ гунаҳкор дониста, огоҳӣ додааст. Дар Тоҷикистон тибқи қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ба масҷид рафтани то 18-солаҳо манъ аст.
Мӯҳр
gkhgk
худовандо хамаи моро хидоят намо

ин аст сохтори демократи ва хукукбунёд

дар назди Офаридгор баъд чи мегуфта боши?

Тоҷик
Тавба тавба сад тавба Барои пахшу куштану маҷруҳ кардани одамон аз тарафи писарони соҳибмансаб,-----хомуши----- Барои намозхони ҷарима!!! Рости назари дигаронро намедонам вале дар тафаккури ман ин чиз ҷои нагирифт ва намегирад!!

Абдуллох
Вой бар холи ман кунандахои масчид дар назди Аллох чи чавоб медодабошен тавба кунен худованд бахшандаи мехрабон аст.

Эй Худованди бузург ба доди мардуми точик ьирас

Додгоҳ ин қазияҳоро аз рӯи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда, волидайни фарзандони намозхонро барои он ки аз уҳдаи тарбияи писаронашон набаромадаанд, муҷрим шинохтааст. нахрод ки масчид азухджаи тарбия набаромада бошад ? Агар дар масчид тарбия наёбад дар Казино ва дискоклубхо тарбия меёбад?

барои ба рохи худо тарбия намудани фарзанд, волидайнро чарима мекунанд,

Вале шояд агар касе фарзандашро мисли Амонулло Хукумов тарбия кунад, касе чазояш хам намедихад?

Бовар кунед соле мешавад дари масчида пост мешавад пул мети баъд даромада намоз мехони

La havla vala quvvata illa billaah, oshkoro jang bar ziddi islom, bad yagon joyhoro sel bzana yo zamin jumbi shava megan ofati tabiii neee chashmotona kushoyen in ofati tabii nes OFATI ILOHIYST.

Мухаммад
Ман хайрон "хукуквайронкуни"ин мусалмонхо хукуки киро вайрон карда бошанд? ааааа фахмидам хукуки додгохро."мухтарам " додгох дониса гиред ки шумо пеши рохи Исломро гирифта наметавонед чаро чун ки аз шумоя пуркудраттар хукумат ин корро карда натавонист аз Аллох тарсед

Ман дар як чиз хайронам касоне ки ин конунро чори намудаанд вакти фарзандонашонро хонадор мекунанд оё НИКОХ мекардабошанд барои ки инкадар ИСЛОМ-ро шум бини мекунанд,

jon
и конун нест ин эълони чанг бо худои таборак ва тавоност барои хамин точикистон обод намешава

магар шахсе ки ман мусалмонам мегуяд ба курон бовари дорад чунин конун мебарорад.чаро конун намебарорад дар мактабхо намоз хонед гуфта.

Абдуллох
Аллохо шохид бош мо аз ин конун безорем ва шикоят ба суи зоти ту мекунем

Мухаммад
Фиръавнхам кибр мекард холашро шохидем.

Абдуллох
Аз худо тарсед!!!!! Наход барои масчидрави мардумро чарима кунед? !!! Ооо кучахо пури фохишахои ноболиг куред ки намебинед!!! Наход фохишаги ичоза бошаду анчоми фарзи илохи мамнуъ?????????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)