Баҳси беҳтар кардани зиндагии мардум дар мулоқоти Зуҳуров бо Сардор Аёз Содиқ
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо Сардор Аёз Содиқ, раиси Ассамблеяи миллии Покистон дар Душанбе масоили рушди ҳамкориро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, коммуникатсия, кишоварзӣ, таҳкими амният дар минтақа, таваҷҷуҳи асосиро ба татбиқи лоиҳаи хати интиқоли барқи «CASA - 1000» зоҳир кардааст. Ба гуфтаи Зуҳуров ин хат, интиқоли барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон таъмин мекунад, барои беҳтар кардани зиндагии миллионҳо нафар мардумони минтақа мусоидат менамояд.
Манбаъ мегӯяд, Сардор Аёз Содиқ аз тавсеаи ҳамкориҳо истиқбол намуда, таъкид намудааст, кишвараш тамоми қарордодҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат бо Тоҷикистонро иҷро хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |