(ВИДЕО) Шабнами Сурайё: “Ман фаҳмидам, ки назди Шумо ин қадар қадр доштаам”
Шабнами Сурайё , хонандаи маъруфи попи тоҷик, ҳангоми баромад дар ҷашнвораи Big Apple Music Awards-2014 дар Ню-Йорки Амрико, ки 25 май баргузор шуд, ба мухлисон барои пазироии гарм изҳори сипос кард. ВИДЕОИ СУРУДХОНИИ ШАБНАМ ДАР НЮ-ЙОРК: VIDEO
Ӯ гуфт, хонуме барои модараш “алмоси зебое” тақдим кардааст, ки ҳатман онро бурда мерасонад. Шабнам дар идома афзуд, “ман фаҳмидам, ки дар пеши Шумо қадри баланд доштаам” . Як манбаи “Озодагон” дар ин маросим ҳузур дошт ва гуфт, бар хилофи дигарон, ки як ё ду тарона иҷро мекарданд, Шабнам чаҳор суруд хонда, тамоми толор аз ӯ гарм истиқбол кардаанд. Гуфта мешавад, ба ҷуз аз Шабнами Сурайё дар Big Apple Music Awards-2014 хоҳари ӯ Фарзонаи Хуршед, Баҳроми Ғафурӣ ва Фаридуни Хуршед ҳам иштирок кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30