Парокандашавии эътирозгарон дар Хоруғ ва 1 талабе, ки қабул нашуд...
Эътирозгарон дар Хоруғ, ки баъд аз тирпаронии рӯзи 21 май гирдиҳам омада буданд, бегоҳи 25 май пароканда шуданд.
Тавре намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ иттилоъ доданд, эътирозгарон баъди он пароканда шуданд, ки бо мақомот ба созиш омаданд ва санаде ҳам аз ҳар ду ҷониб ба имзо расид. Ба иттилои манбаъ, мақомот ҳамаи талаботи эътирозгаронро қабул намудаанд, ба ҷуз як банди он, ки муҷозот нашудани дастандаркорони сӯхтор дар бинои додгоҳ, додситонӣ ва пулис талаб карда шудааст.
ҶУЗЪИЁТИ ҲОДИСАИ ХОРУҒ
Мақомот таъкид кардаанд, ин банд дар ҳоли ҳозир қобили қабул нест ва ниёз ба омӯзиши бештар дорад. Ин гирдиҳамоӣ баъд аз тирпаронии 21 майи соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар маҷмуъ, зимни ҳаводиси ахири Хоруғ аз ду тараф 5 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |