Бахшҳо

Видеои Эшони Нуриддин: “Паём"-и маро ба президент расонед

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷорӣ шудани бархе маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар ҳангоми як суханронии ахираш шадидан ибрози нигаронӣ карда, мегӯяд, дар робита паёми ӯро ба раисиҷумҳури кишвар расонанд.

Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, агар як тӯй ё рақсу бозӣ бошад, истифодаи балангӯяк ё микрофон иҷозат аст, вале барои як руҳонӣ иҷоза намебошад. “Имрӯз душманони Ислом бисёр талош доранд, Шумо ва фарзандҳоятонро аз Ислому Қуръон ва пайғамбаратон ҷудо созанд”,-мегӯяд ӯ дар баромадаш.

Ӯ таъкид кардааст, сабаби зиёд шудани бадахлоқӣ ва бемориҳои руҳӣ дур кардани мардум аз фаризаву русуми динияшон мебошад: “Азон аз хонаҳои мусулмонон дур шуд. Азон аз гӯши тифлҳои навзод дур шудааст, ҳоло аввалин сухане, ки онҳо баъди ба дунё омадан, мешунаванд, ин дашном аст, аз сӯи ҳамшираҳо.”



Эшони Нуриддин бо зикри манъ шудани азон тариқи балангӯякҳо дар масоҷид дар хитоб ба ҷорикунандаҳои ин иқдом, мегӯяд: “Ин манъкунандаҳо фардо дар пеши соҳиби азон чӣ мегуфта бошанд?! Дар пеши як ҳокиме, ки мисли худашон як инсон аст, барои ҷавоб додан, лабашон кушода намешавад, дар пеши Офаридагори замину осмон чӣ мегуфта бошанд?!”

Дар ин авохир ин яке аз наворҳои баҳсбарангези Эшони Нуриддин аст, ки дарҳол ба интернет роҳ ёфта, миёни корбарон низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Баъд аз онки масҷиди “Муҳаммадия”, мутааллиқ ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мақоми ҷомеи худро аз даст доду амри маъруф ва сабти он камтар шуд, наворҳои Эшони Нуриддин хеле кампайдо буданд.

Эшони Нуриддин 20 марти 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи №9-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст. Илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ меомӯзад. Баъд аз он, барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашид.

Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (с) ҷоиз аст?» (соли 2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (соли 2003) таълиф кардааст.

Ӯ тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.

Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб» муттаҳам намуд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия» зарурате боқӣ намондааст.
Мӯҳр
Ёдгор Душанбе
Боз хам Эшони Нуриддин кушиш дорад, ки худро ба мардум нишон дихад, ки факат у дар рохи хак аст. Дар асл ягон хел махдудияти дини нест. Дар китобхонахо аз Куръон сар карда, тамоми китобхои зарури ёфта мешавад. Албата, ки ба гайр аз китобхо ва дискхои эшони Нуриддин, ки он кадар мухим хам нест. Дар масчидхо микрафон истифода мешавад, лекин дар доираи одоб. Пеш аз намозхо бехтарин суханхо аз оятхои Куръони карим, аз дигар китобхо ба мардум расонида мешавад. Ба мавъизахонии эшони Нуриддин ниёз хам намондааст.

Кулоби
Зинда бошед Эшони Нуриддинчон!!! Шумо начотгари дини Ислом дар Точикистонед. Мо мардуми точик фахр мекунем.,ки Эшони Нуриддинчон дорем. Худованд Шуморо дар панохаш хифз кунад.

99
"Кофир" гӯи, қаҳрашон меояд!
Кофирон ин корҳоро накарда истодаанд!
Наход, дар мамлакате, ки 98% худро мусалмон мешуморанд, баланд азон гуфтанро манъ кунанд! Канӣ, ҷасади яке аз ин масъулонро бе ҷаноза гӯр кунанд, чӣ мешавад!?
Ғами миллатро ана ҳамин гуна одамон, мисли Эшони Нуриддинҷон хурда истодаанд!!!

ширин
ин муло боз чи мехоста бошад ба фикрам дигар бахона намодааст муло хамон аст .ки бе баландгуяк аъзонро хонад ягон кас маън накардааст ин касалихои рухи мега бисер шудааст ба фикрам пул кам метан шон аз хукумат рози бошед .ки худашон касали рухи нашаванд

ахсан бобои эщон аллох забони хар яки шумоёнро бурро гардонад бо эхтироми мусофирони сибир

Ханон
Бобои-эшон-биё-мон-хамин-проблемаро-дигарон
-ба-коинот-мепаранду-ману-шумо-дар-га
ми-микрофон!Хазор-сол-точик-бе-микрофон-азо

хакгу
Бобои эшон тенч намегардед-да! Аку коре мене ки хунаи маъракадорора месузуне -да. Товба, сад товба

Dev
To hol yakum bor harfzanihoi hamin mardaka gush dodamu ba hudam ahsant guftam,ki ishtiboh nakardam. Hamai dodu vovajloi in mardakho duto nonu tumori bopul, yane bozori garm, digar hej chiz.In mardakho ba millat katra hizmat nakardasu namekunad, vale hizmati hirsona dorad baroi tijorati hesh. U hele hub medonad,ki guri u bo digaron yakjo nest va javobguj ham u nest , har kas baroi hud javobguj ast.
Hususi mikrofon boshad 74 sol Shuravi ba kse mikrofon nadod , hama odam budand, holo hama masjidrav va hama duzdu gar...

ном
Худованд нигахбонат бошад

in suxanoni allohi mehrubonu payombari habibamon ast.hak hast.

Э марди мусалмон, ин кадар доду фигон мезани, магар тахоратат нмешиканад?

Анвар
Ахсан ба хазрати эшон, ки дар фикри ислохи чомеа хастанд. Хукумат бояд аз дониши динии ин кабил олимон барои ислохи чомеа, алалхусус чавонон, ки дар чанд соли ахир одобу ахлокашон нихоят ба сатхи паст фаромадааст, истифода намояд. Бовар кунед ин афрод ганимат хастанд. Аз сухани сад вазиру раис дида, сухани домуллохои хакгуй мисли Хочи Мирзо, э. Нуриддинчон, домулло Абдурахим назди чавонон азизтару арзишмандтар мебошад. Умедворем домуллохоро дигарбора ичозат диханд, ки дар рохи тарбияи чомеа озодона фаъолият баранд.

Бекор
Ин домулло аз илм дур будаст ку!
Магар намедонад, ки баъзе одамхо урод таваллуд мешаванд?!
Ин амри маъруф не, инро демагогияи динни меноманд. Мардумро бояд насихат кард, то ба рохи рост раванд, на ин ки мисли улок боло сари мардум дод зани, ки ин мешаваду он мешавад.
Озодагон, чоп кун.

Сино
Дар овозатон садка Хазрат ...

Amon
фатхулло,
Худо гу ки ба касали рухи гирифторут накуна бобой эшон рос мега,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)