Изҳороти генерал Навҷувонов дар бораи ҳаводиси Хоруғ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилии кишварро нашр кардааст, ки дар он генерал баҳогузории манфияшро ба кори пулис дар Хоруғ рад кардааст.
Абдулло Навҷувонов мегӯяд, он хабар, ки гӯиё ман рафтори кормандони милитсияро ғайриҳирфавӣ эътироф кардам, нодуруст мебошад: “Вобаста ба ҳодисаҳои рухдода, гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода шуда, барои додани баҳои воқеӣ ба рӯйдодҳои охир, дар шаҳри Хоруғ қарор доранд.”
Генерал таъкид намудааст, ки таъмини суботу оромӣ ва амнияти шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ аз вазифаи ҷонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, мо ҳамеша ба савганди худ содиқ ва барои хизмати софдилона ба давлату миллат омодаем.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки рӯзи 21-уми май бар асари тирпарронӣ дар шаҳри Хоруғ 3 нафар кушта ва чанд нафари дигар маҷруҳ гардиданд. Сокинони маҳаллӣ ин фоҷиаро натиҷаи кори ғайриҳирфавии маъмурини пулис арзёбӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |