Баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар мулоқоти Аслов бо Вивен Стерн
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии кишвар бо баронесса Вивен Стерн, раҳбари гуруҳи парлумонии Британия оид ба Тоҷикистон ва намояндаи палатаи Лордҳои Британияи Кабир мулоқот намуд.
Тавре дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар хабар медиҳад, ин мулоқоти Аслов бо Стерн рӯзи 22 май дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, яке аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Инчунин ҷонибҳо дар идома муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат ва бархе масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро ба баҳс кашидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |