Бахшҳо

Филармонияи халқии Нигина Рауфова ва иштироки Бозор Собир (ВИДЕО)

Зуҳри 21 май дар ноҳияи Файзобод расми ифтитоҳи Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова баргузор мешавад.

Файзулло Наҷмиддинов, мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Файзобод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тасмими ба номи Нигина Рауфова гузоштани филармонияи мазкур ҳанӯз замони таъсис гирифта шуд: “Моҳи январ маҷлиси вакилони ноҳияи Файзобод қарор кард, ки он ба номи “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон” гузошта шавад”.

Ҷаноби Наҷмиддинов мегӯяд, имрӯз ҳамчунин ба хотири 69-умин солрӯзи Нигина Рауфова маҳфили ёдбуд баргузор мешавад. “Дар ин маҳфил дӯстону наздикон ва ҳамкорони ӯ ширкат хоҳанд кард. Бозор Собир ва Саидқул Билолов ҳам даъват шудаанд”.



Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар рустои Ришгирак (дар Энсиклопедия Шерамон навишта шудааст, аммо хонаводаи Нигина баъди муҳоҷир кардани мардуми қуҳистонишин ба Шерамон кӯч бастанд)-и ноҳияи Файзобод зода шудааст.

Замони дар корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе кор карданаш, ҳунари овозхонияш ошкор мешавад ва ӯро ба дастаи ҳаваскорони санъати корхона шомил мекунанд. Ҳамин гуна, аз оғози солҳои 60-уми қарни гузашта номи Нигина ба шӯҳрат печид ва то охирин лаҳза бари домонашро сар надод. Ӯ таҳсилкардаи мактаби махсуси мусиқӣ набуд, аммо ҳунараш ба авҷи аъло расид. Соли 1971 дар ансанбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1975 то рӯзи марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио буд.

Муваффақияти Нигина дар маҳорати бесобиқаи ӯ зимни иҷрои таронаҳои мардумӣ таъриф мешавад. Аммо сурудҳои хондааш бо забонҳои озарӣ, туркманӣ, русӣ, узбакӣ ва оҳангҳои афғониву эрониву арабӣ ҳам ба дили мухлисон жарф нишаста буд. Нигинаро барои маҳорати баланди овозхонӣ ва чеҳраи асили тоҷик буданаш шомили барномаҳои ҳунарие мекарданд, ки бояд дар хориҷи кишвар сурат мегирифт. Нигина Рауфова Тоҷикистонро то ба Авррупо муаррифӣ кардааст. Аввалин сафари ҳунарияш дар ҳайати дастаи занони рубобнавоз соли 1978 ба Белорусу Молдов буд. Дар соли 1978 бошад ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии “Лола” дар Фаронса ҳунарнамоӣ кард.

Барои хизматҳои барҷастааш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик соли 1977 ба Нигина Рауфова унвони “Ҳофизи мардумии Тоҷикистон” дода шуд. Нигина барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ буд. 22 декабри соли 2010 дар сини 65 солагӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи маҳаллаи Лучоб паҳлӯи Абдулло Назрӣ, Убайди Раҷаб дафн карданд.
Мӯҳр
Шодибой
Хело хабари хуш, вале депутатхои Файзобод ба Душанбе намеоянд охир ..

махмуд
Наёрад гардиши гетї дигар бор,
Чунин соҳибдиле, фаррухнажоде.


Поси хотири бузургон ва эҳтиромоти ўро ба чо овардан аз фазилатҳои беҳтарини ҳар фард ба шумор меравад. Бале, нигоҳ доштани поси хотираи бузургон барои халқамон фазилати нек ва одати начибест. Сарояндае, ки дар бораи ў ҳарф мезанем сар то қадами он кас барои мо дар санъати точик шоистаи ифтихор аст. Даргузашти ҳофизаи мумтози тољик Нигина Рауфова талафоти бузург барои фарҳангу волои ҳунари точик буд. Сад ҳайфу дареғ, ки мардуми точик як ҳунарманди асилро аз даст дод. Нигина Рауфова зане буд, ки бо вучуди ҳунарманд буданаш симои аслии точиконаашро фаромўш накард. Апаи Нигина симои тољикона, либоси точикона ва садои точикона дошт. Ў чеҳрае намоёне буд, ки барои аҳли санъати точик ва барои халқи Точикистон. Нигина Рауфова дар миёни мардум бо суруду таронаҳои мардуми шўҳрат дошт. Хамчунин барномаи ҳунарии ин овозхони маъруфу маҳбуб, аз суруду таронаҳои узбаки, озари, туркмани, руси ва оҳангҳои шарқи - афғони, эрони ва араби иборат буд. Бо арзи эҳтиром ба ў апаи Нигина ном мебурданд. Воқеан ў мисли барқ дурахшиду мисли ахтар хомўш шуд. Сурудаҳои ў ба дилу дидаи тамоми мардуми точик маво гирифта буд. Хар вақте ки суруди Аскарбачча садо медод модарони фарзандгумкарда ё дар хидмати аскари буда реш реш ашк мерехтанд. Бо суруди Аскарбачча-аш дард ва ормонҳои ҳазорон ҳазор точикро инъикос мекард. Ин апаи ширин он вақт бо суруди Аскарбачча-аш очаи ҳамаи мо гашта буд. Як замоне модарон бо шунидани суруди Аскарбачча-аш ашк мерехтанд. Имрўз бошад дил аз рафтани Аскарбача-хон хун мерезад.

Ёд дор вақти зоидани ту ҳама хандон буданду ту гирён
Чунон зи, ки бад аз мурдани ту ҳама гирён бошаду ту хандон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)