Тасвиби созишномаи миёни Душанбеву Бишкек аз сӯи Жогорку Кенеш
Вакилони парлумони Қирғизистон созишномаи ба миёномада миёни ин кишвар ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фақулодаро қабул карданд.
Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, ин созишнома рӯзи 19 май аз сӯи Кубатбек Боронов, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон дар парлумон муаррифӣ шудааст. Ба гуфтаи Боронов, санади мазкур дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон 27 майи соли 2013 миёни ду ҷониб ба имзо расида буд.
Боронов гуфтааст, ин санад ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулода вусъат мебахшад. “Созишномаи мазкур имкон медиҳад, кормандони вазоратҳои фавқулодаи ду кишвар дар якҷоягӣ садди роҳи ҳолатҳои офати табиӣ шуда, ин гуна мушкилотро бо ҳам ҳаллу фасл ва сокинони худро аз хавфу хатар наҷот диҳанд. Инчунин, бар асоси он табодули таҷриба ва омода намудани кадрҳои болаёқат дар таълимгоҳҳои ду кишвар сурат хоҳад гирифт.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |