Зикри 2 млрд. доллар дар мулоқоти президентҳо: Омор аз куҷост?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19 май дар шаҳри Шанхай бо ҳамтои чиниаш Си Ҷин Пин рушди ҳамкории ду кишвар дар умури нақлиёт, тиҷорат ва кишоварзиро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот зикр шудааст, ки 2 сол боз ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин аз 2 миллиард доллар боло меравад. Ба қавли манбаъ, ҷонибҳо аз оғози кори як қатор ширкатҳои чинӣ дар соҳаи саноати кӯҳии Тоҷикистон ва амалишавии таҷрибаҳои пешқадами кишоварзии чинӣ ҳам изҳори хушӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, Си Ҷин Пин Тоҷикистонро “ҳамсояи накӯ, дӯсти хуб ва шарики боътимоди стратегӣ” номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Хабари аз ҳадди 2 миллиард доллар гузаштани гардиши мол дар ҳолест, ки тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 ҳамагӣ ҳудуди 700 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст. Аммо мақомоти Чин таъйид мекунанд, гардиши мол миёни ду кишвар зери ду миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.
Ҳолдонҳо дар шарҳи ин фарқияти калон миёни омори Чину Тоҷикистон изҳор медоранд, ки дар бархе аз ҳолатҳо молҳои чинӣ дар мувофиқа бо кормандони мақомот, яъне бе сабти расмӣ ворид мешаванд. Дар натиҷа маълумоти омории Чин аз Тоҷикистон бамаротиб зиёд мебарояд, чун чиниҳо ҳамаи молҳои содиротияшонро сабт мекунанду аз онҳо боҷ меситонанд, аммо буҷаи Тоҷикистон садҳо миллион маблағро аз даст медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |