Зоиров: Аз болои қарори додгоҳи Сино шикоят мебарам
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Сино ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳад кард.
Ин додгоҳ ахиран қарор кард, ки Зоиров бояд 5 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ, 775 сомонӣ зарарӣ моддӣ ба хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, 45 сомонӣ боҷи давлатӣ ва 4 ҳазор сомонӣ аз рӯи аризаи даъвогии сардорони муассисаҳои ислоҳотӣ ба фоидаи давлатро пардохт намояд.
Қаблан хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Зоировро ба пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам дониста, 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хоста буданд.
Раҳматилло Зоиров дар шарҳи қарори додгоҳ ба “Озодагон” гуфт, ки “аризаи даъвогии Сафолова, модари маҳбус ва сардорони мақомоти ислоҳотӣ қисман қонеъ карда шуда, аммо аризаи даъвогии ман пурра рад гардид. Аз ин рӯ ман дар қисми аризаи даъвогии худ шикоят мебарам, барои он, ки аз ҷониби додгоҳ нодуруст рад карда шудааст.”
Ин баҳси додгоҳӣ баъди он сар зад, ки Раҳматилло Зоиров, ҳамзамон раиси Консорсиюми юридикии Тоҷикистон аст, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад. Ӯ аз фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ хост, ин қазияро зери назорат гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |