Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон ва номаи ҳамдардӣ ба Абдулло Гул
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба унвони ҳамтои туркаш – Абдулло Гул фалокати ба сари ангиштканони ин кишвар омадаро, ки беш аз 200 кушта бар ҷой гузоштааст, тасаллият гуфт.
Дар номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст, “хабари таркиш дар кони ангишти наздикии шаҳри Сума, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардид, моро хеле ғамгин ва андӯҳгин кард.”
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин нукта, “инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун!” аз Абдулло Гул хостааст, ҳамдардии амиқи сокинони Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонад.
Дар яке аз конҳои ангишти шаҳри Сумаи Туркия таркише ба вуҷуд омадааст, ки дар пайи он беш аз 200 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 70 нафари дигар захм бардоштаанд. Шумораи умумии коргарони ин маъдан ба 727 нафар баробар будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |