Бахшҳо
14 май 2014 16:02Тоҷикистон / Акс

АКС: Мушкили нафаскашии Шаҳбол ва ҷарроҳии дигарбораи ӯ

Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар бемористони ҳарбии шаҳри Красногорски Русия дубора ҷарроҳӣ шудааст.

Нуъмон Мирзоев, падари ин сарбози маъюби тоҷик, рӯзи 14 май дар як тамоси телефонӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, се рӯз пеш нафаскашии Шаҳбол мушкил шуда, табибон шушҳояшро ҷарроҳӣ кардаанд. “Шаҳбол пневмания доштааст, аз ҳамин ҳисоб, нафаскашиаш вазнин шуд. Се рӯз боз дар шӯъбаи эҳёгарӣ шушҳояшро тоза карданд. Имрӯз ният ҳаст, ки ба ҳуҷраи муқаррарӣ гузаронанд”,-афзуд ӯ.

Шаҳбол Мирзоеви-23 сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорски Русия интиқол ёфт. Ҷарроҳии нахустини ӯ рӯзи 5 май дар ин бемористони низом сурат гирифта, беш аз 5 соат идома дошт.


АКС: Мушкили нафаскашии Шаҳбол ва ҷарроҳии дигарбораи ӯ

АКС: Мушкили нафаскашии Шаҳбол ва ҷарроҳии дигарбораи ӯ

АКС: Мушкили нафаскашии Шаҳбол ва ҷарроҳии дигарбораи ӯ
Мӯҳр
Хамдард
Кудаки бечора хуб азоб кашид.Аз даргохи Худованд барои ин чавномарди монанди каб зебо ва бо чехраи асили ориё шифои комил талаб менамоем.

аҳмадчон
худовандо шифои комилу очил барояш ато кунад

ТОҶИК
Худоҷон ба ин бародари мо шифои комил бидеҳ

Салох
Аз даргохи илохи барои ин бародар шифои очилу комил талаб мекунем. Худованд шифо дихад. Омин!!!

ХУДОЁ ба ин бародари мусалмонимо аз даргохи рахматат шифо ато биформо ОМИН,

siroj
oxир то каи ин милат залил зиндаги кунад ба ин кор ки бояд жавоб дихад?????

Мухаммад
Аз даргохи Худованди мутаъол ба ин чавон шифои комилу очилро талаб дорем

Мухаммад
Ман бо бародарон аедати ин додари бемор рафтем. Бовар кунед холи падари Шахбозро мебини гиряи кас меояд. Кари хар руз аз ахволаш бо телефон пурсон хастем, хело холашон вазнин аст. Як шабонаруз дар вазнинхонаи госпитал 17000 хазор рубли руси месупоранд. Худован кабул кунад мо то кадри имкон ери карда истодаем ва хар чавонмарде,ки агар закот е садакае кардани бошад бехтарин чои хайр аст. Тел падари Шахбоз +79856352720 акаи Нуъмон. Барое ,ки дигар хукумати точикистон е инки генерали кушунхои марзбони ба ин сарбози бемор е ин миллати бе пушту панох коре надоранд. Шармам меомад вакте бо як полковники рус дар ин беморхона хамсухбат шудем у мегуфт ин чихел давлату давлатдорист ,ки фарзанди худ,афсари худро дар вакти чунин холат ба гардани падару модараш мепартояд? Рости ман чавоб наефтам, агар чизе мегуфтам туф ба руи худам буд аз ин хотир хомуширо ихтиер кардам.

Нушин
Рости борхо расми ин чавонро дар сайтхои гуногун дидаму, афсус хурдам, ки ин кадар чавони зебо хору зор шуд. Дилам сахт мезусад аммо мутасифона кудрати кумакро надорам. Ин лазахо баъди хондани ин хабар ашк рехтам ин расмхо ба ман сахт таъсир расонд. Нахо Хукуматдорони имрузаи Точикистон аз азобу дарди ин чавони зебо хабар надошта бошанд? Дилам аз одаму олам ва Сиёсати имрузаи Хукумати Точикистон аз инчо То Бухоро мондааст. Агар ин чавонро сари вакт ба Хоричи кишвар мебурдан ин кадар азоб намекашид. Боз Вазири Мудофия ба кадом руй аз минбархои баланд баромад мекунаду чавононро ба хизмати модар ватан дават мекунад? Оё Эмомали Рахмон расмхои ин чавонро надидааст? Дигар чизе намегуям танхо аз Даргохи Худованд барояш шифохи комил хохонам. Ин рузе, ки бар сари ин чавон ва наздикони у омадаст Худо бар сари касе наорад. Шифои коми Бачаи хушру абру пайвастаи точик. Агар сият шави ба Ватан баргарди рафта аз кошои хушрут як бусаи пур аз шоди мекунам. Озодагон андешахоямро нашр кунед.

Хамдард
Аз маъмурони сайт эхтиромона хохиш дорам, ки суханони манро бе ягон тахрир ва "кайчи" намудан чоп кунанд. Рости гап аз ин аксхо гиряаам омад.
Аз руи Худо хар кас худро ба чои падари ин чавонмарди зебо ва фарзандашро ба чои Шахбол тасаввур кунад.
Гардани Шахболро якчанд ношуд ва палид шикастанд, вале кани ташрифи рохбарияти Кушунхои сархади??? На ягон нафар танбех дид ва на касе аккалан аз ин хулоса баровард. Касеро парво нест, зеро умри инсон баробари 30 сомони аст. Аз даргохи Худованд дуо мекунем, ки ба бародари мо Шахболчон шифои комил дихад, зеро бузургон фармудаанд, ки:
Дасти хохиш чун садаф макшой пеши хокиён,
Харчи мехохи ту аз он олами боло талаб.

Xudovandi karim ba in barodarimo shifoi komilu ojil nasib gardonadu ba sari farzandi haminxel hukumatdoroi zolim hamin ruzro biyoradki pule nayoband farzandashona tabobat kunand omin Xudoyo moro az zulmi inho xudat najotdeh omin inshoalloh Xudovand didaistodaast ba bandaash fursat medihadu bad on4unon mezanadki az hama memonad Xudovand dergiri saxtgirast Xudoyo duoi inhama barodaroi musulmonro kabulfarmo va ba in barodar shifoi komil nasib gardon

Дар даврони Шурави дар кисмхои харбие, ки чунин ходисахо мешуданд, командири кисма унвонаша як зина поён мекарданд, ё аз кор озод мекарданд. Ба Сарфармондехи кушунхои сархади Рачабали Рахмонали пешниход мекунам, ки командири кисми харбие, ки Шахбол дар ончо хизмат мекард аз кор ронда шавад. Маблаги чаррохии Шахбол аз тарафи волидони сарбоз Усмон Гайратов хамчун хакки товон ба воситаи суд дарёфт ва ба фоидаи Шахбол руёнда шавад.
Хамшахри нагуфта командири кисми низомиро аз кор озод кунед.
Дар мусохибааш падари Усмони бетарбия гуфта буд, ки писари ман он кадар гунох накардааст. Агар ронанда бо айби пиёдагард уро пахш кунад алакай ронанда гунахгор мешавад. Гуштин гирифт ё ин ки кухнааскар буданашро нишон дод, мувофики чинояти содир кардааш Усмон новобаста аз писари мансабдор буданаш ба чавобгари кашида шавад.

Лакайбек
Худоё худовандо ин фарзани миллати моро дар панохаш нигох дорад ва ба рухи гузаштагони миллат дуо мекунем,ки хонаи душманони миллати точикро,ки дар хамин ватанамон низ точикро руз надода истодаанд сузад.Омин.

Мухаммад чаро коре кунанд? ин мардум гайри точики дар никоби точиканд.Инро имруз хама медонанд.

Шахрванд
Ба Худо аз дидани аксхои Шахбол ки холати имрузаи уро тасвир мекунад , дилам об шуд.Гиристам барои Шахболи чучаи кабку барои худу барои ин миллати нодону саргашта ..Худовандо ба Шахбол шифои комил ато кунед, ОМИН!

ФАРИШТАМОХ
ХУКУМАТДОРОН БО ЧИ КОР МАШГУЛЕД ЧАРО МАБЛАГ ЧУДО НАМЕКУНЕД ОЕ БА ИН ШАХБОЛ РАХМАТОН НАМЕОЯД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)