Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, зимни амалиёт Маҳмудҷон Боҳирови 55 -сола, дар ҳудуди хоҷагии деҳонии «Маҳмуд»-и ҷамоати Лоҳутӣ, деҳаи Маҳрам, дастгир гардид. Ӯ сокини ҷамоати Лоҳутӣ, кӯчаи Ашӯров, хонаи 3 буда, айни замон дар ягон ҷо фаъолият намекардааст. Аснои кофтуков аз бордони автомашинаи шахсии ӯ, ки тамғаи ВАЗ-2107 аст, 532 грамм ҳашиш дарёфт шуд. Айни замон нисбати Боҳиров парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.
Мӯҳр