Боздошту раҳоии Қамариддин Афзалӣ ва сафари Кабирӣ ба Зайнабобод
Қамариддин Афзалӣ, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хатлон ва ноиби ӯ – Фахриддин Маҳмадалиев ҳангоми боздид аз маҳалли селзадаи Қумсангир боздошт шуда, баъд аз бозпурсӣ раҳо гардидаанд. Ин иттифоқ рӯзи 13 майи соли ҷорӣ рух додааст.
Масъулони ҲНИТ дар сӯҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ карда, гуфтанд, оқои Афзалӣ ва муовинаш ҳангоми аксбардорӣ ва суҳбат бо сокинони осебдида боздошт гардидаанд. “Танҳо баъд аз сӯҳбат ва фаҳмидани асли қазия, ки Қамараддин Афзалӣ ва Фахриддин Маҳмадалиев чӣ ният доранд, мақомот онҳоро раҳо кардаанд”,-гуфт дар суҳбат бо мо Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ.
Оқои Файзраҳмонов афзуд, ҳадаф аз сафари раиси бахши ҲНИТ дар Хатлон ба Қумсангир танҳо аҳволпурсии сокинони зарардида ва суҳбат бо онҳо будааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 13 май ба аёдати сокинони ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ рафтааст. Сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, бо ташаббуси Шуъбаи навоҳии тобеи маркази ҳизб ба сокинони селзадаи ноҳияи Рӯдакӣ хӯроки гарми яквақта барои беш аз 250 нафар расонда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |