Бахшҳо

Мансаби нави Нарзулло Соҳибов, Мирзошариф Шарифзода, Нурулло Орифов ва...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми май кадрҳои навтаъинро дар мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори кадрҳои навтаъин гуфт, Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд, прокурори шаҳри Душанбе таъин гардид. Сафаралӣ Мирзозода Муовини аввали прокурори пойтахт таъин шудааст. Ба иттилои манбаъ дар маҷмуъ дар мақомоти прокуратура 9 нафар вазифаҳои нав гирифтаанд: “Аз ҷумла прокурорҳои ноҳияи Сино, Балҷувон, Вахш, Ҷиликул ва Тоҷикобод, Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, Прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд иваз карда шуданд.”

Дар мавриди тағйироти кадрӣ дар сохтори Вазорати умури дохилӣ дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки Нурилло Орипов сардори Раёсати амнияти дохилии ин вазорат ва Саидхоҷа Мирзохоҷаев, сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд: “Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Шуғнон, Қайроққум, Вахш ва Панҷ шахсони дигар таъин гардиданд.”

Манбаъ инчунин афзуд, ки дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Музаффар Ҳотамов сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Нарзулло Соҳибов бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардиданд. Нарзулло Соҳибов бародари Маҳмадзоир Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъин хизмати софдилонаю содиқона талаб намуда, таъкид доштааст, ки манфиатҳои давлату миллат дар ҳама ҳолат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд.
Мӯҳр
Каллугзода
Ин чи шурест дар ин даври камар мебинам.Точиконро хамаги мардикор мебинам.

Сураш
Чун ба ин кадринтихобкуни менигари,хис мешавад,ки ин миллат оянда надорад.

рауф душанбе
хамаи инхо ба воситаи сохибовхо саьдулоевхо вазифа гирифтанд аз имруз сар карда ..барои хизмати мардум мепардозанд ..

wali
домодо вазифа гирифтанд - акнун навбати хешу табори домодхо шудаст

Музафари Хотами-сардори Раёсати Агенти маводи муккадир дар вил. Сугд???Хотамов як умр дар Агенти бо корхои кадри машгул буд.Тачрибаи кори фаври ва чустучуи тамоманд надорад. Оё аз ухдаи ин вазифаи калиди мебаромадабоша???... Кори агентиро маскара кардан... .

Нарзулло Соҳибов бародари Маҳмадзоир Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
дар идома: Нарзулло Сохибов сохиби хамон автодромхое, ки хуччати ронандаги медихад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)